Вазири фарҳанг замони анҷоми сохтмони Театри миллии Тоҷикистонро гуфт

© Sputnik / Амир ИсаевМесто строительства Национального театра РТ. Архивное фото
Место строительства Национального театра РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2023
Обуна шудан
Сохтмони бинои Театри миллии Тоҷикистон дар паҳлӯи Осорхонаи миллӣ ва боғи Парчами миллӣ дар Душанбе ҳанӯз соли 2015-ум оғоз шуда буд
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Бинои Театри миллии Тоҷикистон то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти ҷумҳурӣ ба истифода дода мешавад.
Ин нуктаро вазири фарҳанги Тоҷикистон, Зулфия Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
Тоҷикистон 35-солагии истиқлоли давлатиро соли 2026 таҷлил мекунад ва бахшида ба ин сана, мақомоти давлатӣ бунёди садҳо иншооти таъйиноти мухталиф, аз фарҳанг то маорифу тандурустиро ба нақша гирифтаанд.
Сохтмони Театри миллӣ дар Душанбе, ки санги асоси он моҳи марти соли 2015 гузошта шуда буд, ба кундӣ пеш рафта, қаблан масъулини Вазорати фарҳанг ин равандро ба камбуди маблағ рабт доданд.
В Душанбе наградили лучших театральных деятелей - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2023
Дар Душанбе беҳтарин ҳунармандони театр қадрдонӣ шуданд - видео
Бинои Театри миллӣ дар паҳлӯи Осорхонаи миллӣ ва боғи Парчами миллии Тоҷикистон қомат рост карда, аз 2 ошёнаи зеризаминӣ ва 5 ошёнаи рӯйизаминӣ иборат мебошад, ки баландиаш ба 34,5 метр хоҳад расид.
Тибқи лоиҳа, бинои театр аз 3 толори калон ва толору утоқҳои дигар иборат мешавад. Толори асосии он дорои 2500 ҷойи нишаст ва 2 толори дигар, яке дорои 1200 ва дувумӣ 1000 ҷойи нишаст мебошад.
Баландии толори асосӣ 16-18 метр, дарозию паҳноии саҳнааш 30х21,6 метр буда, он ҳамчунин дорои ҷойи нишасти оркестр, ду саҳнаи паҳлӯӣ, саҳнаи пушт, утоқҳои машқу тамрин ва дигар шароити зарурии сатҳи ҷаҳонӣ мебошад, мегӯянд масъулин.
Лентаи хабарҳо
0