Гуфтушунид бо Русия барои эҳёи фаъолияти собиқ "Заря Востока"

© © SputnikЗдание предприятия Нури Ховар (Заря Востока)
Здание предприятия Нури Ховар (Заря Востока) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2023
Обуна шудан
Шаҳрдории Истиқлол, собиқ Табошар дар шимоли Тоҷикистон, азм дорад, бо ҷалби Русия фаъолияти густурдаи собиқ корхонаи "Заря Восток"-ро эҳё кунад
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Корхонаи воҳиди давлатии "Нури Ховар", собиқ "Заря Востока" бо зарфияти доштааш фаъолият накарда истодааст.
Раиси шаҳри Истиқлол, собиқ Табошар, Қаюм Маҳмудзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, бо ҷониби Русия ният доранд, корхонаро дубора фаъол созанд.
Ӯ зикр намуд, ки аллакай мақомдорони баландпояи бахши саноати Русия аз шаҳр боздид карданд, бо шароити корхона шинос шуданд, гуфтушунидҳо идома доранд.
Маҳмудзода таъкид кард, ки солҳои шӯравӣ ин корхона намунавӣ буда, дастгоҳҳои зарурӣ дар он то ҳол ҳифз шудаанд.
Вай зикр намуд, ки дар гузашта маҳсулоти аслии корхона таъйиноти ҳарбӣ буданд, аммо феълан он дуруст фаъолият накарда истодааст. Ӯ афзуд, ки корхона реҷавӣ буда, талошҳо барои эҳёи фаъолияти он амалӣ шуда истодаанд.
Берцы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2023
Раиси нави Бӯстон бо пойафзолдӯзӣ барои мактабхонҳою низомиён шинос шуд
Айни ҳол асосан маҳсулоти дӯзандагӣ, металгудозӣ, полимерӣ ва резинӣ истеҳсол карда истодааст, изҳор дошт раиси Истиқлол.
Маврид ба зикр аст, ки "Заря Востока" соли 1968 ҳамчун филиали комбинати химиявии Бийск фаъол шуда, баъд аз соли 1970 мустақил гардид ва яке аз корхонаҳои калонтарини ҷумҳурӣ ва шаҳрсоз дар Табошар буд.
Ҳоло "Заря Востока" ба Корхонаи воҳиди давлатии "Нури Ховар" табдили ном карда, шаҳриТабошар низ номи Истиқлолро гирифт.
Таъкид мешавад, ки ин корхона айни ҳол низ зарфияти бузург барои роҳандозии истеҳсолоти мухталиф ва таъмини теъдоди зиёди шаҳрвандон бо ҷои корро дорад.
Лентаи хабарҳо
0