Имзои созишномаи ҳамкории низомӣ миёни Туркия ва Тоҷикистон - видео

Турецкий и Таджикский флаги
Турецкий и Таджикский флаги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2023
Обуна шудан
Дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии IDEF-2023 Вазорати дифои Тоҷикистон ва Туркия созишномаи ҳамкории низомиро ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Вазири дифои Туркия Яшар Гюлер дар Намоишгоҳи 16-уми байналмилалии саноати дифоӣ IDEF-2023, ки дар Истамбул баргузор мешавад, бо ҳамтои тоҷикаш Шералӣ Мирзо мулоқот дидору мулоқот кард.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии Вазорати мудофиаи Туркия хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ пас аз мулоқоти дуҷониба вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва ҳамтои туркаш Яшар Гюлер дар доираи Намоишгоҳи 16-уми байналмилалии мудофиавии IDEF-2023 дар Туркия шартномаи ҳамкорӣ имзо намудан.
“Дар чаҳорчӯби ин маросим, ​​тавофуқномаи ҳамкориҳои низомӣ ва молӣ миёни Туркия ва Тоҷикистон ва протоколи иҷрои кумакҳо аз ҷониби вазирон Гюлер ва Мирзо ба имзо расид”, - таъкид кард манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон ва ҳамтои туркаш Хулуси Акар 20-уми апрели соли 2022 дар ҳошияи сафари ҳайати Тоҷикистон ба Анқара дар мавриди ҳамкориҳои низомии ин ду кишвар мувофиқатнома имзо карданд.
Тибқи хабари вазорати дифои миллии Туркия, дар ҷараёни гуфтугӯи пушти дарҳои баста, масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва ҳамкорӣ дар арсаи саноати дифоӣ баррасӣ шудаанд.
Турецкий и таджикский флаги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2022
Созиши Тоҷикистон бо Туркия барои ҳамкории низомӣ
Хулуси Акар он замон қайд карда буд, ки Анқара омодаи ҳамкорӣ дар заминаи мубодилаи таҷрибаи ҳифзи марз ва муқобила бо терроризм ва омодагии низомӣ аст.
Анқара шарики муҳими иқтисодии Душанбе боқӣ мемонад. Гардиши молу коло дар замони бемории ҳамагири COVID-19 байни ин кишварҳо аз марзи 700 миллион доллар боло рафта буд.
Дар солҳои ахир коммисияи давлатии ду кишвар талош мекунанд гардиши молро аз ҳисоби нассоҷӣ ва аллюминюм ба 1 миллиард доллар расонанд.
Лентаи хабарҳо
0