Аз садҳо муроҷиат ба омбудсмени Тоҷикистон камтар аз 4%-ашон мусбат ҳал шудаанд

© Sputnik / Sputnik / Амир ИсаевПресс-конференция Уполномоченного по правам человека в Таджикистане
Пресс-конференция Уполномоченного по правам человека в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2023
Обуна шудан
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки бисёри муроҷиатҳо ба ин ниҳод марбути ҳуқуқи зиндониён, манзил, алименту таъминоти иҷтимоӣ мебошанд
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Дар нимсолаи якуми соли равон ба мақомоти Ваколатдлор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон беш аз 870 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардидааст.
Ин нуктаро ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, Умед Бобозода дар ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи ниҳоди тобеяш баён дошт. Ба иттилои дафтари ваколатдор, шумораи муроҷиатҳо дар 6 моҳи аввали соли гузашта ҳудуди 540 ададро ташкил медод.
"Дар маҷмуъ аз 871 муроҷиати шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 32 адад мусбӣ ҳал гардидаанд", - иттилоъ дод ин ниҳод.
Таносуби муроҷиатҳои мусбат ҳалшуда дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ камтар аз 4%-ро ташкил медиҳад.
Дар мавриди он, ки одатан шаҳрвандон аз рӯи кадом масъалаҳо ба омбудсмен муроҷиат мекунанд, тавзеҳ дода шуд, ки муроҷиатҳо марбути ҳуқуқ ба манзил, таъминоти иҷтимоӣ, зӯроварӣ дар оила ва дигар масъалаҳо дахл доштанд.
Аз ҷумла ба иттилои ваколатдор дар нимсолаи аввали соли равон муроҷиатҳо дар мавриди пешгирии хушунати оилавӣ афзоиш ёфтаанд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2023
Суботи дохилию таҳаммулпазирии миллатҳо ва динҳо: Раҳмон ҳадафи сиёсаташро гуфт
Агар дар 6 моҳи аввали соли гузашта барои пешгирии хушунати оилавӣ 2 муроҷиат ба ваколатдори ҳуқуқи инсон сабт шуда бошад, соли равон ин нишондод ба 5 адад расидааст.
Ваколатдор таъкид кард, ки тибқи нақшаҳои худ ва дар натиҷаи муроҷиати шаҳрвандон низ санҷишу мониторингҳо гузаронда мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0