Дар Тоҷикистон ҳамагӣ наздик ба 66% аҳолӣ бо оби нӯшокӣ таъминанд

© Sputnik / Нина Зотина / Гузариш ба медиабонкКран-вода: человек моет руки
Кран-вода: человек моет руки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2023
Обуна шудан
Масъулини “Хоҷагии манзилию комуналӣ”-и Тоҷикистон мегӯянд, ки баъд аз таъмиру барқарорсозии қубурҳои обгузару насосҳо таъмини аҳолӣ бо об беҳтар шудааст
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Ба иттилои масъулини КВД “Хоҷагии манзилию комуналӣ”-и Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2023 аз 10 миллион аҳолии кишвар ҳамагӣ 65,8% ё 6 млн. 635 ҳазор нафар бо оби нӯшокии мутамарказонидашуда таъмин мебошанд.
Ба иттилои масъулин, дар давраи ҳисоботӣ корхонаҳои Хоҷагии манзилию комуналӣ воқеъ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар нимсолаи аввали соли 2023 барои беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва хизматрасонии қабули рафъи обҳои партов корҳои зиёдеро ба анҷом расониданд.
Барои мислол ин ниҳоди давлатӣ барои беҳтар кардани таъмини ахоли бо оби нӯшокӣ 127 адад насосҳои обкаши зеризаминӣ ва рӯизаминиро харидорӣ ва ё аз таъмири ҷорӣ кардааст.
Ҳамчунин ин ниҳод дар ин давра 13 адад трансформаторро таъмир намудаааст.
Территория насосной станции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2023
Қасди Тоҷикистон барои обёрӣ бо харҷи камтари барқ
КВД “Хоҷагии манзилию комуналӣ”-и Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон 7762 метр қубурҳои обгузари фарсуда иваз ва 1856 садамаи гуногунро бартараф намудааст.
Масъулини ин ниҳод мегӯянд, ки баъд аз таъмиру барқарорсозии қубурҳои обгузар ва насосҳои обкашӣ, таъмини аҳолии маркази шаҳру ноҳияҳо бо оби нӯшокӣ беҳтар гардид.
Ба иттилои ин ниҳоди давлатӣ дар деҳоти ҷумҳурӣ низ муассисаи давлатии “Сарраёсати Тоҷикобдеҳот”-и тобем КВД “Хоҷагии манзилию комуналӣ” дар ҷамбасти натиҷаи фаъолияти нимсолаи якуми соли 2023 ба истифодабарандагон ба миқдори 4 млн. 664 ҳазор метри мукааб оби нӯшокӣ таъмин намуданд, ки 106% нақшаро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0