Путин ғамхориҳои Ғарб нисбати кишварҳои Африқоро сӯҳбати хушку холӣ номид

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкII Cаммит и форум "Россия - Африка". Пленарное заседание
II Cаммит и форум Россия - Африка. Пленарное заседание - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия эълон кард, ки намефаҳмад - барои чӣ кишварҳои Ғарб намехоҳанд ба кишварҳои Африқо нуриҳо менералӣ равон карда шаванд
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, ки ӯ намефаҳмад, чаро кишварҳои Ғарб ба фиристодани нуриҳои минералӣ иҷоза намедиҳад.
Вай гуфт, ғамхориҳои Ғарб аз Африқо гапи хушку холист.
"Хуб, касе намехоҳад, ки Русия, чунон ки баъзеҳо мегӯянд, сарватманд шуда, барои мақсадҳои низомӣ пул ҷудо намояд. Ин интиқоли бемузд аст. Не, онҳоро намегузоранд. Новобаста аз ҳама гапҳои хушку холӣ дар бораи ғамхори кишварҳои фақиртарин”, - гуфт Путин дар форуми иқтисодӣ ва гуманитарии Русия-Африқо.
Ташаббуси ғаллаи Баҳри Сиёҳ, ки 22 июли соли гузашта аз ҷониби намояндагони Русия, Туркия, Украина ва СММ ба имзо расида буд, содироти ғалла, ғизо ва нуриҳои Украинаро тавассути Баҳри Сиёҳ аз се бандар, аз ҷумла, Одесса дар бар мегирифт.
Президент РФ В. Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2023
Путин омодагии Русия барои таъмини ниёзмандон бо ғалларо эълон дошт
Маркази ҳамоҳангсозии муштарак дар Истамбул масъули ҳамоҳангсозии ҳаракати киштиҳо буд.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар моҳи сентябр таъкид кард, ки Ғарб бештари ғаллаи Украинаро ба давлатҳои сарватманд содир мекунад, на ба кишварҳои ниёзманди Африқо.
Созиши ғалла 18 июл аз байн қатъ гардид, Русия Туркия, Украина ва СММ-ро огоҳ кард. Путин қаблан қайд карда буд, ки бо вуҷуди талошҳои СММ, шартҳои созиш бо Русия риоя нашуданд, зеро кишварҳои ғарбӣ ба ваъдаҳои худ вафо карданӣ ҳам набуданд.
Лентаи хабарҳо
0