Иштироки 12 намояндаи Тоҷикистон дар қаҳрамонии байналмилалиии киберварзишӣ

© Фото : предоставлено организаторами турнираВ Душанбе прошел первый в истории страны Кубок Таджикистана по киберспорту
В Душанбе прошел первый в истории страны Кубок Таджикистана по киберспорту - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2023
Обуна шудан
Киберварзишгарони тоҷик дар қааҳрамонии байналмилалии “Global Esports Games 2023”, ки дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Моҳи декабри соли равон 12 намояндаи Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ дар қааҳрамонии байналмилалии “Global Esports Games 2023” иштирок хоҳанд кард, иттилоъ доданд ба Sputnik Тоҷикистон аз Федератсияи киберварзиши кишвар.
Ба иттилои манбаъ, ин мусобиқа ҳар сол варзишгарони беш аз 20 кишвари дунёро ҷамъ меорад.
Интихоби минтақавӣ дар моҳҳои август-сентябри соли ҷорӣ дар шакли маҷозӣ сурат мегирад. Даври ниҳоӣ дар формати LAN дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ рӯзҳои 11-16 декабр баргузор мешавад.
“Global Esports Games” як ҳамоиши муҳими Федератсияи ҷаҳонии Esports (Global Esports Federation) мебошад.
Молодой человек за компьютером  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.01.2022
ТУТ расман эътиёд ба бозиҳои компютериро ҳамчун беморӣ эътироф кард
Имсол ширкаткунандагон дар риштаҳои зерин мубориза хоҳанд кард: PUBG MOBILE, Dota 2 (марду зан), eFootball 2023, fifa ва Street Fighter VI. Варзишгарони тоҷик Dota 2 ва PUBG MOBILE аз мусобиқаҳои онлайнии минтақавӣ мегузаранд.
Манбаъ таъкид кард, ки варзишгарони тоҷик дар Dota 2, PUBG MOBILE ва eFootball 2023 ширкат хоҳанд кард.
Федератсияи киберварзиши Тоҷикистон мегӯяд Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 12 варзишгар, аз ҷумла блогнависи маъруфи тоҷик Беҳрӯзи Шарифӣ, ки бо тахаллуси “Барон”- маъруф аст, намояндагӣ мекунанд.
Ба ҷуз Шарифӣ ҳамчунин Тоҷикистонро дар ин мусобиқа Каримҷон Мухторов, Мамаризо Мамаризоев, Дилшод Холов, Аминҷон Ҳайдаров, Манучеҳр Беназирзода, Сӯҳроб Аброров, Мурод Мухторов, Рамзиёр Хоркашов, Алӣ Азизов, Аъзам Нарзиев ва Азиз Ахмедов иуаррифӣ хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0