Кашфу мусодираи беш аз 460 ҳазор кило маҳсулоти пастсифат дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевИзъятая Таджикстандартом просроченная или некачественная продукция
Изъятая Таджикстандартом просроченная или некачественная продукция - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2023
Обуна шудан
Мақомоти тоҷик зимни санҷишҳо садҳо ҳазор кило маҳсулоти пастсифатро ошкор кардаанд, ки гуфта мешавад, аксари онҳо воридотиянд
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Давоми шаш моҳи соли равон дар бозору дӯконҳои Тоҷикистон беш аз 460 ҳазор кило маводи ғизоии пастсифат сабт шудааст.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ роҳбари "Тоҷикстандарт" Темурҷон Абдуваҳҳобзода хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, як қисми ин маҳсулот аз ҷиҳати бехатарӣ (344 тоннаю 806 кг) ва қисми дигари он аз рӯи тамғагузорӣ дар борҷомаашон (116 тоннаю 002 кг) ба талабот ҷавобгӯй набудаанд.
Абдуваҳҳобзода афзуд, ки аз масҳсулоти пастифати дар ин муддат ошкоршуда наздик ба 210 тоннаи онро гӯшту маҳсулоти гӯштӣ ташкил медиҳанд.
Ҳамчунин, 4,5 тонна равғани растанӣ, 35768 литр нӯшокиҳои спиртӣ, 69 304 литр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 20 тонна қаннодиҳо, 2,7 тонна маҳсулоти ширӣ, 18,1 тонна иловагиҳои ғизоӣ, 3,1 тонна намак ва дигар маҳсулот мебошад, ки аз фурӯш бардошта шуданд.
Школьная форма в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2023
“Тоҷикистандарт” либосҳои мактабии ғайристандартиро ошкор накардааст
Вай таъкид кард, ки қисми зиёди маҳсулоти бесифат воридотӣ мебошанд.
Раҳбари ин ниҳод таъкид кард, ки дар пайи суҳбату фаҳмондадиҳиҳо аз ҷониби соҳибкорон тибқи дархост зиёда аз 46 тонна маҳсулоти гуногуни хӯрокворӣ, ки мӯҳлати истеъмолиашон гузаштаанд, ба анбори нигоҳдории Агентӣ супорида шуд.
Ҳамзамон, барои дарёфти қонуншиканиҳо дар савдо, фиреби истеъмолкунандагон ва риоя накардани талаботи қонунгузории соҳа 2580 санҷиш гузаронида шудааст.
Зимни санҷишҳо кормандони ин ниҳод 3627 ҳолат ҳолати қонуншиканиро ошкор ва афроди масъулро ба маблағи умумии 974 572 сомонӣ ҷарима бастаанд.
Лентаи хабарҳо
0