Рақибони ҷудокорони тоҷик дар мусобиқаи Hungary Masters – 2023 маълум шуданд

© аз сомонаи Кумитаи миллии олимпии ТоҷикистонМусобиқаи ҷудо барои Ҷоми Президенти Тоҷикистон
Мусобиқаи ҷудо барои Ҷоми Президенти Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2023
Обуна шудан
Дар Маҷористон маросим қуръакашии Hungary Masters - 2023 баргузор гардид. Дар ин мусобиқа панҷ паҳлавони тоҷик иштирок дорад
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Дар шаҳри Будапешт дар мусобиқи Hungary Masters – 2023 панҷ паҳлавони тоҷик иштирок мекунад, иттилоъ додааст Федератсияи ҷудои кишвар.
Дар маросими қуръакашӣ, ки ахиран баргузор шуд рақибони паҳлавонони тоҷик муайян шуданд.
Ҳамин тариқ, тибқи қуръакашӣ Обид Ҷебов (66 кг) бо варзишкори фаронсавӣ Дайки Буба, Эмомалӣ Нуралӣ (66 кг) бо гурҷӣ Важа Маргвелашвили, Беҳрӯз Хоҷазода (73 кг) бо варзишкори итолиёӣ Мануэлем Ломбардо, Комроншоҳи Устопириён (то 90 кг) бо нидерландӣ Ноэла Ван Т'Энда рақобат хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол, Темур Раҳимов (+100 кг) аз даври аввал озод ва дар даври дуюм бо ғолиби рақобати ҷудоркорони озарӣ Ҷамол Гамзатханов ва нидерландӣ Йелле Снипп вориди майдон мешавад.
Турнир по дзюдо в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2023
Маълум шуд, ки Гран-при Душанбе оид ба ҷудо- 2024 кай баргузор мешавад
Ёдрас мешавем, ки Сомон Маҳмадбеков ба далели мушкили раводид натавонист ба Маҷористон сафар кунад.
Мусобиқаи Hungary Masters - 2023 рӯзҳои 6 - 8 август дар шаҳри Будапешти Маҷористон баргузор мешавад.
Маблағи ҷоизавии ин мусобиқаи байналмилалӣ наздики 200 ҳазор евро арзёбӣ мешавад.
Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, ба ҷоизадорони зинаҳои аввал дар ин мусобиқа 1800 имтиёзи радабандӣ, ба зинаи 2-юм 1260 имтиёз ва ба мақоми 3-юм 900 имтиёз дода мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки тими ҷудокорони Тоҷикистон дар Муғулистон ба машқҳои дастаҷамъона машғул буда, интизор меравад, аз санаи 5-ум то 18-уми июл дар шаҳри Иркутск ба машқҳо фаро гирифта шаванд.
Лентаи хабарҳо
0