Мулоқоти сафири нави Тоҷикистон дар Минск бо дабири кулли ИДМ

© ВУХ-и ТоҷикистонМулоқоти сафири Тоҷикистон дар Минск бо дабири кулли ИДМ
Мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Минск бо дабири кулли ИДМ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2023
Обуна шудан
Дабири кулли ИДМ сафири Тоҷикистонро ба муносибати таъйин гардиданаш ба ин вазифа табрик гуфту ба ӯ дар кораш мувафақият орзӯ кард
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Дар қароргоҳи ИДМ дар шаҳри Минск мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Белорус Бахтовар Сафарзода бо дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев баргузор шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои ВУХ дар ин вохӯрӣ ҷонибҳо вазъият ва дурнамои ҳамкориҳои гуногунсамтаро дар доираи рӯзномаи ҷории Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ намуданд.
Инчунин зимни мулоқот Сергей Лебедев сафири Тоҷикистонро ба муносибати таъйин гардиданаш табрик гуфта, ба ӯ дар фаъолияти дипломатӣ дар кишвари Беларус муваффақият орзӯ кард.
Директори Агентии  назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон,  генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид бо раиси Кумитаи  тафтишотии Ҷумҳурии Беларус Гора Дмитрий Юревич - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2023
Тоҷикистону Белорус якҷоя бо коррупсия мубориза мебаранд
Ёдовар мешавем, ки дар авохири моҳи май Ҳақдод Маҳмадшариф Маҳмуд бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Беларус ва ҳамзамон Эстония, Латвия, Литва ва Финляндия озод карда шуд.
Бо фармони президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон сафири нав дар Белорус, Сафарзода Бахтовар Амиралӣ таъйин шуд.
Лентаи хабарҳо
0