Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Артиши Русия Новоселовскоеро дар Луганск озод кард

© Sputnik / Дмитрий Макеев / Гузариш ба медиабонкРабота артиллеристов на Херсонском направлении
Работа артиллеристов на Херсонском направлении - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2023
Обуна шудан
Вазорати мудофиаи Федератсияи Русия аз озод кардани деҳаи Новоселовское дар самти Купянски Ҷумҳурии мардумии Луганск гузориш додааст
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Низомиёни Русия минтақаи аҳолинишини Новоселовскоеро дар самти Купянски Луганск озод карданд.
Дар ин бора, Вазорати дифои Русия хабар медиҳад.
"Дар самти Купянск деҳаи Новоселовскоеи Луганск бо амалҳои касбии воҳидҳои гурӯҳи нерӯҳои ғарбӣ озод карда шуд", - гуфтанд дар вазорат.
Ғайр аз ин, ҳангоми ҳуҷум кардан дар ҷабҳаи васеъ отрядҳои ҳуҷумкунанда мавқеи худро дар хатт дар навоҳии Олшана ва Першотравневеи вилояти Харков бехатар карданд.
Тавре Сергей Шойгу, вазири дифоъ дар авоили ҳафта хабар дода буд, низомиёни Русия истгоҳи роҳи оҳани Молчановка дар самти Купянский ва ҳамчунин рустоҳои Ковалевка ва Сергеевка дар самти Краснолиманскийро озод карданд.
Артиши Украина дар як хати ҷабҳа 400 сарбозашро аз даст дод
Ҳамчунин артиши Русия дар самти Купянск се ҳамлаи ҷавобии қувваҳои Украинаро дар наздикии Синковка, Загоруйковка ва Берестовое дар вилояти Харков бомуваффақият зада, инчунин ба қувваи корӣ ва техникаи душман зарба заданд.
Бояд гуфт, Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард.
Кишвардор Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Вазифаи дигаи амалиёт нозизудоии Украина гуфта шуд.
Лентаи хабарҳо
0