Сазои сарашон: Аз ИМА бар ивази қарз чизи аз ҳама қимматтаринашонро гирифтанд

© Sputnik / Владимир Федоренко / Гузариш ба медиабонкБелый Дом в Вашингтоне, архивное фото
Белый Дом в Вашингтоне, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2023
Обуна шудан
Бузургтарин иқтисоди ҷаҳон дар тӯли даҳсолаҳо рейтинги баланди қарзиро аз худ карда буд. Аммо нодида гирифтани мушкилоти беохири қарз ва касри буҷа душвор аст
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik, Наталя Дембинская. Агентии байналхалқии Fitch сатҳи пардохтпазирии ИМА-ро баҳои паст дод – бори аввал дар 30 соли охир. Кохи Сафед дар ҳолати шокист. Ин рухдод барои амрикоиҳо чӣ паёмад дорад?

Иштиҳои қозгир

Иҷро накардани ӯҳдадориҳои қарзӣ (дефолт) - саривақт пардохт накардани фоизи қарзҳои ширкатҳои пул ва дигар коғагҳои қиматнок истеҳсол менамуда (эмитент) бо арзи хориҷа рейтинги дарозмуддат ИМА-ро аз ААА то ба АА+ поён фаровард. Чунинаш аз соли 1994 инҷониб набуд.
Рейтинги қарзии мухтор – ин як воситаи баҳодиҳии омодагии давлат ба пардохти саривақтӣ ва ба пуррагӣ иҷро намудани ӯҳдадориҳои молиявии худ мебошад. Дар амал –ин эҳтимолияти дефолт аст.
Рамзи AAA сатҳи истисноии қобилияти пардохтпазирӣ ва ҷой доштани камтарин хатари дефолт дар пардохти қарзҳо мебошад. Агентии Fitch ИМА-ро лоиқи ҳамасолаи он медонист. Ва қарори дирӯза бошад – иқрори он аст, ки вазъият бадтар шудааст. Ва ҳоло – андаке.
Ситуация на польско-украинской границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2023
Амрико ягона роҳи наҷоти Украинаро гуфт
Дар агентӣ ишора ба сабабҳои асосии ин ҳолат намуданд: сарбории беҳад калони қарзӣ ва беохир афзун намудани ҳаҷми меъёри қарзҳои имконпазир, афзудани камбуди буҷа, эҳтимолияти таназзул.
Аз рӯи гуфти таҳлилгарон, ин далелҳо дар баробари омилҳои дигари пардохтпазири давлат ва назорат аз болои буҷа “эътимодро аз байн мебаранд.”
“Пастравии рейтинг дар бадшавии вазъияти буҷа, дар гароншавии бори қарзи сектори идоракунии давлатии молия дар қиёс бо кишварҳои муқоисашаванда дар ду соли охир дошта дар рейтинги AA ва AAA барои се соли оянда таъсири худро мегузорад,”- шарҳ медиҳад Fitch.
Дар Вазорати молияи ИМА дар шигифт буданд ва қарори Fitch – ро беасос ва номувофиқ хонданд. Дар Кохи Сафед норозигӣ баён намуданд ва изҳор доштанд, ки қатъиян бо агетӣ розӣ нестанд, зеро он ҷо “аз маълумотҳои кӯҳна” истифода бурдаанд”.

Фақат рақамҳо

Аммо рақамҳо худ гӯёянд. Моҳи июн конгресс баъди муҳокимаҳои зиёд ҳадди ниҳоии қарзи давлатиро то ба 120 %- и маҷмӯи маҳсулот дохила боло бурд. Дар соли 2024, тибқи пешгӯии Сандуқи Байналмилалии Пул (СБП) ин рақам 125%, соли 2025 — 129%, 2028 — 136%-ро ташкил хоҳад дод.
Абзалов: у Европы только два выхода – смерть экономики или переговоры с Россией - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2022
Коршинос: Аврупо танҳо ду роҳ дорад - марги иқтисод ё гуфтушунид бо Федератсияи Русия
ИМА дар тобак банд мондааст: барои пӯшонидани камбуди молиявӣ, бояд қарзгириро афзоиш диҳад, хароҷот бошад барои пӯшонидани фоизҳои қарзҳо аллакай ба 970 миллиард доллар расидааст (ё худ 3,6 фоизи ММД).
“Барои пардохти фоизҳои коғазҳои қиматнок наздик триллон доллар харҷ мекунанд. Ба наздикӣ барои пӯшонидани чунин қарз наздик нисфи андози дар кишвар ҷамъоварӣ мешуда сарф карда мешавад. Дар соли 2024 пардохти фоизҳои қарзҳо 15 %-и даромади буҷетро мегирад,”- шарҳ медиҳад Евгений Шатов, коршарики Capital Lab.
Қарз дар ҳаҷми 120%-и ММД ба 2,5 баробар аз нишондиҳандаҳо барои кишварҳои рейтингашон муқоисашаванда зиёд аст ва ба маротиб осебпазирии иқтисодиётро афзун мекунад, илова менамояд таҳлилгар.
Ҳамаи ин дар пасманзари интизориҳои “таназзули нарм” дар иқтисодиёт рух дода истодааст, ки тибқи пешгӯиҳо дар дар семоҳаи чорум дар назар аст.

Интизориҳои зиёд

Қарори Fitch кайҳо омода буд. Аз афташ, дар ин маврид барои қабули он чӣ гуна сурат гирифтани мубоҳисаҳои сиёсӣ бобати ҳадди ниҳоии қарзи давлатӣ қатраи охирин гашт.
Надоштани қобилият барои ба даст овардани созишнома дар бораи баланд бардоштани ё ях кунонидани меъёри қарзҳо омодагии ИМА-ро дар иҷрои саривақтии ӯҳдадориҳояш ногузир зери шубҳа мегузорад, қайд менамоянд дар Capital Lab.
"Барои ҳалли ин мушкилот кам кардани хароҷоти буҷа, бахусус – кам кардани хороҷотҳои иҷтимоӣ, зиёд кардани андозҳо барои сарватмандон ва корпоратсияҳо ва ҳавасмандгардонии рушди иқтисодӣ барои афзун намудани воридоти андоз зарур аст.
Брифинг А. Антонова после заседания комитета по международным делам  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2023
Антонов: кишварҳои рӯ ба тараққӣ ба далели таҳримҳо худ аз Амрико рӯ мегардонанд
Маҷмӯи тадбирҳои муттаҳидсозии сиёсати иқтисодӣ бо роҳи танзим намудани даромаду хароҷот метавонад тадриҷан қарзро мӯътадил ва кам кунад. Танҳо касе бо ин кор машғул намешавад", — мегӯяд Владислав Антонов, таҳлилгари молиявии BitRiver.
Ба андешаи Гузели Протсенко, директори кулли ширкати "Алфа-Форекс", агентӣ дар пасткунии рейтинги ИМА қасдан кашолкорӣ кард, зеро аз он хавф дошт, ки ин амал ба доллар ва ба биржаи молиявии ИМА зарба мезанад.
Хулласи гап, муаамоҳои амрикоиҳо кайҳост, ки зери дурбини агентиҳои байналхалқӣ қарор доранд. Холдинги S&P ҳанӯз дар соли 2011 рейтинги дарозмуддати қарзии ИМА-ро паст намуда буд. Moody’s бошад баҳои баланди худро дар ин маврид нигоҳ дошт, аммо даҳ сол аст, ки ин пешгӯи манфист.

Хавф афзуд

Ба қарори Fitch бозори саҳмияҳо бо афтидан вокуниш нишон дод, дар паи он афтодани бозорҳои ҷаҳонии фондӣ ва молӣ срат гирифтанд. Аммо, дар маҷмӯъ, вокуниш маҳдуд буд. Дар Русия ҳам.
Города мира. Вашингтон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2023
Амрико мехоҳад бо Русия ва Чин суботи стратегиро баррасӣ намояд
“Доллар мақоми “бандари ором”-ро нигоҳ медорад, рейтинги ИМА ва нархҳо дар бузургтарин иқтисоди ҷаҳонӣ то ҳол ҳамчун роҳнамои асосӣ барои сармоягузорон дар саросари ҷаҳон хизмат мекунанд", - равшанӣ меандозад Евгений Шатов.
Гапи дигар он аст, ки барои сармоягузорон – соҳибони пул ва коғазҳои қиматнок ин занг басо манфӣ аст. Акнун сармоягузорӣ ба қарзҳои мустақили ИМА бехавф ҳисобида намешавад.
Лентаи хабарҳо
0