Баҳсҳои пулӣ дар Тоҷикистон камтар шудаанд

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкМолоток судьи в зале суда
Молоток судьи в зале суда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.08.2023
Обуна шудан
Судҳои иқтисодии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон наздики 1,6 ҳазор парвандаи иқтисодиро баррасӣ кардаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта кам аст
ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Судҳои иқтисодии Тоҷикистон аризаи даъвоӣ барои рӯёндани зарар ва қарзҳои бонкӣ ба маблағи беш аз 96,5 млн сомониро дар нимсолаи аввали соли равон баррасӣ кардаанд.
Дар ин бора роҳбарияти Суди олии иқтисодии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, афзуд, ки аз ин даъво ба маблағи наздики 71 млн сомонӣ қонеъ гардонда шуд. Барои таъмини иҷрои қарорҳои мазкур варақаҳои иҷро дода шуданд, афзуд роҳбарияти додгоҳ.
Аз ҳисоби баррасии парвандаҳои мазкур ба буҷаи давлатӣ ба маблағи беш аз 1,4 млн сомонӣ боҷи давлатӣ пардохт гардидаст, илова намуд додгоҳи иқтисодӣ.
Самолет авиакомпании Таджик Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2023
“Мурғи Самандар”: “Тоҷик эйр” ба по мехезад?
Таъкид шудааст, ки судҳои иқтисодӣ ҳамкориро бо Хадамоти иҷро таҳким бахшида, бо назардошти иҷрои санадҳои судии қаблӣ ба буҷаи давлат 261 млн сомонӣ боҷи давлатӣ ва зарару қарзро рӯёндаанд, ки нисбати нишондоди соли гузашта 150 млн сомонӣ бештар аст.
Ин дар ҳолест, ки дар нимсолаи аввали соли гузашта аризаҳои даъвогӣ барои рӯёндани қариб 395 млн сомонӣ ба қайд гирифта шуда буд, ки аз он ба маблағи 380 млн сомонӣ қонеъ гардид.
Нимсолаи аввали соли гузашта аз ҳисоби баҳсҳои иқтисодии баррасишуда дар додгоҳ ба буҷа ба маблағи беш аз 7,5 млн сомонӣ ворид гардида буд.
Лентаи хабарҳо
0