ВУХ-и Русия: Бидуни ҳузури Русия ҳеч музокироте дар бораи Укриана фоида надорад

© Пресс-служба МИД РФОфициальный представитель Министерства иностранных дел России Мария Захарова
Официальный представитель Министерства иностранных дел России Мария Захарова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.08.2023
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷии Русия дар бораи баргузории як нишаст дар Ҷидда барои ҳалли масъалаи Украина, ки Русия ба он даъват нашуда буд, изҳори назар кард
ДУШАНБЕ, 7 август — Sputnik. Намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова дар бораи машваратҳо вобаста ба ҳалли мушкилоти Украина дар Ҷидда изҳори назар кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати умури хориҷии Русия хабар додааст.
Мария Захарова қайд кард, ки бидуни ширкати Маскав ва бо назардошти манфиатҳои ин кишвар, ҳич мулоқоте дар мавзӯи буҳрони Украина маъно надорад.
Ба гуфтаи вай, Русия нисбат ба Украина ҳамеша барои ҳалли дипломатии бӯҳрон боз буд ва боз мемонад.
Илова бар ин, дипломат шартҳоеро номбар кард, ки иҷрои онҳо раванди музокиротро суръат мебахшад:
қатъи амалиёти ҷангӣ ва ҳамлаҳои террористӣ аз ҷониби Киев;
боздоштани раванди "бо яроқ таъмин намудани Украина" аз ҷониби Ғарб.
Вай таъкид кард, ки "пояҳои аслии соҳибихтиёрии Украина бояд тасдиқ карда шаванд - мақоми бетарафӣ, ҳамроҳ нашудан ба блокҳои низомӣ ва бидуни силоҳи ҳастаӣ."
Бронеавтомобиль Дозор на военном параде на Украине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2023
"Мо зид": Сиёсатмадори олмонӣ дар бораи интиқоли силоҳ ба Украина
"Мо итминон дорем, ки иҷрои ин унсурҳо барои сулҳу амнияти байналмилалӣ, ки Русия барои он мубориза мебарад, комилан масъул аст", - хулоса кард Захарова.
Қаблан Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия гуфта буд, ки кӯмакҳои молии Ғарб ба Украина ба соҳибихтиёрии ин кишварро халал мерасонад ва қарзи хориҷии он дар ҳоли афзоиш аст.
Ба гуфтаи вай, ин кор ройгон сурат намегирад: чунин пешниҳод мешавад, ки онҳо гӯё аз Русия мегиранду ба режими Киев медиҳанд ва боз аз ҷайби худашон илова мекунанд.
Дар асл, он ҳанӯз ҳам қарздор аст, изҳор дошт намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия.
Тибқи иттилои Мария Захарова, кӯмакҳои молии кишварҳои ғарбӣ алакай боиси афзоиши рекордии қарзи давлатии Украина шудааст, ки ҳанӯз дар моҳи апрели соли 2023 аз 120 млрд доллар гузашта буд.
Лентаи хабарҳо
0