Оё Ғарб ба ҳамлаи низомӣ ба Украина омода аст

© Sputnik / Ivan Rodionov / Гузариш ба медиабонкРазорванная гусеница и подбитый танк украинской армии у села Гнутово под Мариуполем
Разорванная гусеница и подбитый танк украинской армии у села Гнутово под Мариуполем - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2023
Обуна шудан
Фармондеҳии артиши Украина ҳанӯз умед дорад, хатти аввали дофоии Русияро убур кунад, ҳаракатро дар ҷанг таъмин кунад ва нерӯҳои боқимондаро пойбанд кунад
ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. ИМА ва НАТО аз ҷиҳати технологӣ ба муноқишаи мустақими низомӣ бо Русия омода нестанд – бо муноқиша бо давлате, ки артишаш қудрати ҷангиашро босуръат афзоиш медиҳад ва бомуваффақиятартиши Украинаро дар якҷоягӣ бо аслиҳаи интиқолдодаи 50 "кишвари донор"- и режими мураттаб кӯфтан дорад.
Дар ҳамин ҳол, Ғарби дастаҷамъӣ низ омода нест, ки лӯхтакҳои украиниро "супорад". Силсилаи нокомиҳои нангини геополитикӣ (шикастҳои низомӣ) дар Ироқ, Афғонистон, Сурия, Украина ба некӯаҳволии иқтисодии Амрико ва думравонашон он таҳдид мекунад.
Аз ин рӯ, НАТО ният дорад, ки бо Русия то охирин украинӣ, лаҳистонӣ, литвонӣ, латвиягӣ, эстонӣ ва ғайра мубориза барад.
Мушовири собиқи раиси Пентагон полковник Дуглас Макгрегор 6 август эълон кард, ки барои ҳамла ба қаламрави Украинаи Ғарбӣ "эътилофи ихтиериени ғарбӣ" таъсис дода шудааст. Ба гуфтаи таҳлилгари низомии амрикоӣ, артиши ИМА имрӯз заиф аст, ки ин гуна боре ҳам набуд. Дар ин мавриад бояд Лаҳистон ва Литва нақши калидӣ дошта бошанд
Боевая работа самоходной гаубицы 2С19 Мста-С в ЛНР - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Талафоти Украина дар минтақаи амалиёти вижа маълум шуд
Дар вазъияти шикасти ҳарбӣ, "Секунҷаи люблинӣ" метавонад ба дастгирии Вашингтон умед барад, аммо бе кафолат. Дар ин ҷо ягон ҳангома нест, Варшава бо ташаббус ва исрор ба иҷборан гирифтани қаламравҳои (аннексия) вилоятҳои Лвов, Ивано-Франков ва Тернополи Украина омодагӣ мегирад. Вай шитоб мекунад, ки шарикони асосии НАТО, ки дилсӯз буданд, бо Маскав дар бораи сулҳ муколама оғоз накунанд.
Лаҳистон, Латвия ва Литва 5 август нерӯҳояшонро ба марз бо Беларус интиқол доданд. Раиси Пентагон Ллойд Остин ошкоро аз вокуниши вазорати ҳарбии Лаҳистон ба "ҳамлаи ҳавопаймоҳои белорусӣ ба фазои ҳавоии Лаҳистон дар таърихи 1 август" пуштибонӣ кард.
Албатта, ҳеҷ гуна ҳамла ҷой надошт. Варшава ва дигар
"палангони надибалтик" кӯшиш мекунанд, ки Минскро бо иғво ба муноқишаи наздисарҳадӣ кашанд, то артиши Беларус ба ишғоли"Кресҳои шарқӣ" (қисме аз Галитсия -номҳои лаҳистонии бархе аз қаламравҳои ҳозираи Украина ва Литва) монеъ шуда натавонад.
Президенти Русия Владимир Путин қаблан (21 июл) изҳор дошт, ки мақомоти Лаҳистон умед дорад, ки дар зери "чатри НАТО" эътилоф ташкил кунад, бевосита ба низоъ дар Украина дахолат кунад ва "пораи серравғантарашро канда гирад".
Дар бораи эҳтимолияти баланди ҳамлаи лаҳистонӣ-литвонӣ роҳбари хадамоти ҷосусии берунаи Русия Сергей Наришкин низ борҳо огоҳ намудааст Вокуниши Маскав ва Минск ба кушодани фронти дуюми "Балтика" - и НАТО комилан муайян аст. Ёдовар мешавам, ки президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко ҳанӯз баҳори соли 2022 ҳушдор дода буд, ки ҳуҷуми лаҳистониҳо ба Украина маънои вуруди Беларус ба ҷангро хоҳад дошт.
Бронеавтомобиль Дозор на военном параде на Украине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2023
"Мо зид": Сиёсатмадори олмонӣ дар бораи интиқоли силоҳ ба Украина
Минбаъд васеъ кардани марзҳои амалиёти вижаи низомӣ, ва рушди пайдарҳамии ҳаводис аз рӯи ҷанги сеюми ҷаҳонӣ эҳтимол имконпазир ва ногузир аст. Ҷангидан бо ду давлати ҳастаӣ-Федератсияи Росия ва Ҷумҳурии Белорус – беақлтарин ва, шояд- охирин саҳфа дар таърихи дилхоҳ кишвар аст.

"Ҳамлаи равонӣ"

Фармондеҳии артиши Украина ҳанӯз умед дорад, ки "хатти аввали мудофиаи русиягиро рахна кунад, ҳаракатро дар майдони ҷанг барқарор кунад ва қувваҳои боқимондаи русиягиро аз кор барорад". Ва бо ҳар нарх захираҳои стратегии украинӣ ба сафи пеши ҷабҳа партофта шуданд - , ки барои ишғоли Қрим пешбинӣ шудаанд.
Бо ин ҳама, дар моҳи сеюми "ҳамлаи ҷавобӣ" рахназанӣ барои Киев орзуи зарҳалӣ-нилобии дастнорас боқӣ монд. Аз оғоз барои убур кардани хатти мудофиаи русиягӣ мушовирони НАТО ба артиши Украина ҳамагӣ се-чор рӯз вақт доданд (дар идома "барқарорсозӣ"-и босуръати марзҳои соли 1991 ба нақша гирифта шуда буд).
Генерал Марк Милли шояд медонист, ки муваффақияти эҳтимолии як рахназании таъҷилӣ дар оянда ҳеҷ чизро кафолат намедод, аммо мақоми стратеги асосиро президенти ИМА Ҷо Байден дошт.
Натиҷаҳои "ҳамлаи равонӣ" - и артиши Украина ва НАТО ба аёнанд.
Дар давоми ду моҳ зиёда аз 43 ҳазор сарбозону афсарони украинӣ нобуд карда шуданд, ҳазорҳо адад техникаи зиреҳпӯшии артиши Украина, аз ҷумла зиёда аз 400 танк - талафоти бузурги қувваи ҷонӣ ва техника сифатан ҷуброннопазир аст. Ва фармондеҳии низомии украинӣ инро рад намекунад.
Флаг над Белым домом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2023
Аз сухан ба амал: ИМА барои бастани лоиҳаи Украина омода аст
Миқёси омехтаи якҷояи мушакии нерӯҳои ҳавоии Русия ба иншоотҳо ва логистикаи артиши Украина меафзояд. Амалиёти ҳуҷумкунандаи нерӯҳои русиягӣ дар якчанд самт , бахусус дар Купянский, дар вилояти Харков бомуваффақият идома доранд.
Имрӯз ҳатто дар кишварҳои нисбат ба Русия ғайридӯст дигар ба пирӯзии бандерагиҳо бовар надоранд, нокомии "лоиҳаи украинӣ" возеҳу равшан аст.
Дар Ғарб дарки он ташаккул ёфт, ки нерӯҳои Украина аз ҷиҳати технологӣ қодир нестанд вазифаҳои мураккаби таъҷилии ҳамлаи ҷавобиро ба иҷро расонанд, то режими киевӣ, "сармоягузориҳо" ва обрӯи паймони Атлантикаи Шимолиро наҷот диҳанд.
Ягона роҳи ҳалли уаммо бе рехтани обрӯй ба назари касе бурдани ҷанг бо дасти дигарон ва куҳодани ҷабҳаи дуюми дуюми НАТО дар назди Балтика намояд. Дар ҳамин ҳол, дар соли аввал қӯрхонаҳои НАТО хеле холӣ шуданд.
Ҳатто комплекси саноати ҳарбии "истисноӣ"-и ИМА (90% саноати ҳарбии НАТО) қодир нест, ки дар солҳои наздик ба артиши Украина ҳаҷми зарурии гулӯлаҳои камчини артиллерии 155-мм-и диҳад.
Барои Украина амрикоиҳо захираҳои иттифоқчиёни ғарбӣ ва шарқиро дар минтақаҳои гуногуни сайёра рӯфта оварданд. Масалан, Дар Исроил 300 ҳазор, дар Курияи Ҷанубӣ 100 ҳазор гулӯла. Бо вуҷуди ин, артилерияи нерӯҳои украинӣ маҳкум аст.
Украинские военнослужащие - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
"Вақт меравад": Дар ИМА гуфтанд, ки Ғарб дар Украина аз чӣ бештар метарсад
Истеҳсоли лавозимоти ҷангии аз ҷиҳати технологӣ мураккаб шармандагии боз ҳам бештари ИМА аст. Ба лӯхтакҳои украинӣ якчанд маҷмааҳои зенитиву мушакии истеҳсоли ғарбӣ - Patriot, NASAMS, IRIS-T - фиристода шуданд.
Ин воситаҳои мудофиаи ҳавоӣ гӯе" аллакай натиҷаҳои назаррас нишон доданд", аммо мушакҳои зиддиҳавоӣ намерасанд. Артиши Украина ҳар моҳ 160 маҷмааи мушакиву зенитии Patriot сарф мекунад, ки ин миқдорро ИМА дар як сол истеҳсол мекунад. Оё барои кушодани ҷабҳаи "Балтика" ва "бозгардонидани кресҳо"лавозимоти ҷангии НАТО кофӣ аст? Саволе, ки дар худ ҷавоб дорад.
Барои муқоиса - саноати ҳарбии Русия дар як сол истеҳсоли аслиҳаи серталаботро ба 10 маротиба афзоиш дод. Ин маҳдудият нест. Русия дар сабқати низомӣ-сиесӣ ва низомӣ-технологӣ ғолиб дастболост. ИМА ва дигар кишварҳои НАТО дар ин раванд беилоҷ ба назар мерасанд.
Лентаи хабарҳо
0