RT қабули дархостҳо барои дарёфти ҷоизаи байналмилалии хабарнигорони ҳарбӣ оғоз мекунад

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкКамера с микрофоном RT
Камера с микрофоном RT - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2023
Обуна шудан
Барандагони ҷоизаҳоиKhaled Alkhateb International Memorial Awards 2023, ки аз ҷониби шабакаи RT таъсис шудааст, ҷоизаи пулии 200 ҳазор рублро дарёфт хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Шабакаи RT қабули дархостҳоро барои ширкат дар Khaled Alkhateb International Memorial Awards, ҷоизаи байнулмилалӣ, ки ҳамасола ба рӯзноманигорон барои беҳтарин асар аз минтақаи муноқиша дода мешавад, оғоз мекунад.
Тибқи иттилои сомонаи RT, Ҷоизаи байналмилалии Холид ал-Хаттоб дар бахшҳои зерин дода мешавад:
- "Асари беҳтарин аз минтақаи низоъ" - мавод дар бораи муноқишаҳои мусаллаҳона ва оқибатҳои онҳо;
- "Асари беҳтарин: рисолати башардӯстона" - ҳикояҳо дар бораи одамон дар минтақаи муноқиша, кӯмак ба шаҳрвандон ва гурезаҳо.
Асарҳо дар бораи барқарор намудани шаҳрҳо ва баргаштан ба ҳаёти осоишта.
Ғолибони ҷоизаҳои Khaled Alkhateb International Memorial Awards 2023 мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 200 000 рублро хоҳанд гирифт.
Шумо метавонед дар вебсайти https://award.rt.com/ru/ муроҷиат кунед. Корҳо дар шакли хаттӣ ва формати видеоӣ қабул карда мешаванд.
Дар соли аввали баргузории озмун ҷоизаҳо ба рӯзноманигорон аз Ироқ, Ирландия ва Сингапур дода шуданд. Соли 2019 намояндагони Русия, ИМА, Италия ва Ҳиндустон барандагони ҷоиза гардиданд. Дар соли 2020 хабарнигорони низомии Русия, Сурия ва Ҳиндустон ҷоизаро гирифтанд.
Международный конкурс Лидер народной дипломатии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2023
Намояндаи Тоҷикистон узви ҳайати Кумитаи тадорукоти озмуни байналмилалӣ шуд
Барандагони ҷоизаи RT 2021 хабарнигорони низомӣ аз Русия, ИМА ва Яман мебошанд. Соли гузашта гузоришҳо дар бораи амалиёти вижаи низомӣ дар Украина қабул шуда, хабарнигорони “Известия” ва “Комсомольская правда”, студияи “ТОК” ва РИА "Новости" ғолиб дониста шуданд.
Шабакаи RT ҷоизаи Khaled Alkhateb International Memorial Awards-ро ба ёди рӯзноманигори 25-сола Холид ал-Хаттоб, ки бо RT Arabic ҳамкорӣ дошт, таъсис дод.
Ӯ дар соли 2017 бар асари ҳамлаи мушакии ҷангҷӯён дар вилояти Ҳумси Сурия кушта шуд.
Холид дар гузоришҳои худ дар бораи набардҳои миёни нерӯҳои ҳукуматии Сурия ва террористҳо хабар додааст. Соли 2018 Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия фармонеро имзо кард, ки баъд аз марг ба Холид ал-Хаттоб медали "Ҷасорат" тақдим карда шуд, ки дар нахустин маросими ҷоизасупорӣ ба хонаводааш эъто шуд.
Лентаи хабарҳо
0