Амрико аз шикасти нерӯҳои мусаллаҳи Украина изҳори норозигӣ кард

© AP / Michal DyjukУкраинские военнослужащие
Украинские военнослужащие - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2023
Обуна шудан
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба тавоноии артиши Украина акнун шубҳа доранд ва аз истифода кардани таҷҳизотҳои ирсолнамуда аз сӯи артиши ин кишвар норизоянд
ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Нозирони ғарбӣ тавоноии танкчиён ва ронандагони қувваҳои мусаллаҳи Украинаро барои истифода аз таҷҳизоти ба онҳо ҳамчун дастгирии низомӣ фиристодашуда аз ҳад зиёд арзёбӣ карданд, хабар медиҳад "РИА Новости" бо истинод ба Messenger.
"Баъзе нозирони [ғарбӣ] тавоноии нерӯҳои Украинаро барои ба даст овардани маҳорати тактикӣ бо ин платформаҳо ва тавони истифодаи онҳо ба таври муштарак аз ҳад зиёд арзёбӣ кардаанд", - гуфт таҳлилгари низомӣ Франц-Стефан Гади ба нашрия.
Ба гуфтаи ӯ, қаблан намояндагони кишварҳои ғарбӣ дар бораи он ки артиши Украина мошинҳои ҷангии ба онҳо додашударо чӣ гуна азхуд кардааст, хушбин буданд.
Бо вуҷуди ин, умеди онҳо барбод рафт, зеро ҳангоми ҳамлаи номуваффақи худ, қувваҳои мусаллаҳи Украина фоизи назарраси тамоми техникаи ҷудокардаи Ғарбро аз даст доданд.
Дар мавод гуфта мешавад, ки Украина "дар майдони ҷанг аслиҳаи амрикоиро аз даст медиҳад".
Дар байни намунаҳои таҷҳизоти вазнине, ки Вашингтон ба Киев фиристодааст, БМП Bradley бештар зарар дид. Ба гуфтаи муаллифи матлаб, Амрико аллакай 190 мошини зиреҳпӯши ваъдакарда, нисфашро ба Украина ирсол кардааст.
Работа танкистов в зоне СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2023
Амалиёти вижа: Ҳадафи ҳамлаи артиши Русия дар самти Купянск - озод намудани Харков
Вазорати дифои Русия рӯзи 4 август хабар дод, ки аз оғози "ҳамлаҳои муқобил", дар моҳҳои июн-июл нерӯҳои мусаллаҳи Украина беш аз 43 ҳазор нафар ва беш аз 4,9 ҳазор силоҳро аз даст додаанд.
Дар миёни таҷҳизоти харобшудаи украинӣ 26 ҳавопаймо, 9 чархбол, 1831 мошини зиреҳпӯш, аз ҷумла 25 танки Leopard -и олмонӣ, ҳафт танки чархдори фаронсавии AMX ва 21 мошини ҷангии пиёдагарди амрикоӣ Bradley мавҷуданд.
Лентаи хабарҳо
0