Вазорати дифои Русия аз ҳамлаи нобарори Украина ба пули Қрим хабар дод - видео

Обуна шудан
Ҳамлаи навбатии нерӯҳои усаллаҳи Украина ба болои пулиҚрим номуваффақ анҷом ёфт. Вазорати дифои Русия гуфт, ҳамла тавассути мушаки С-200 сурат гирифт
Нерӯҳои мусаллаҳи Украина кӯшиш карданд, ки ба пули Қрим бо як мушаки С-200 ҳамла кунанд, вале он сарнагун шуд ва ягон хисорот ба пул нарасонд.
"12 август, тахминан соати 13:00 ба вақти Маскав кӯшиши анҷоми ҳамлаи террористӣ ба пули Қрим бо мушаки зиддиҳавоии С-200 сурат гирифт. Мушаки украинӣ саривақт ошкор ва дар ҳаво аз ҷониби системаҳои дифои ҳавоии Русия боздошт шуд", - омадааст дар хабари Вазорати дифои Русия.
Вазъият дар пули Қрим пас аз ҳамлаи террористӣ
Ин ниҳод тавзеҳ дод, ки дар пайи ин ҳамла ягон хисорот ба пул нарасид.
Ёдовар мешавем, рӯзи 17 июл ба пули Қрим ду киштии бесарнишини украинӣ ҳамла кард, ки дар натиҷа зану мард кушта шуданд ва фарзанди ноболиғи онҳо шадидан маҷрӯҳ шуд.
Лентаи хабарҳо
0