Давлатзода: пардохти андозҳо ғайринақдӣ сурат мегирад

© © Sputnik / Амир ИсаевГлава налогового комитета Таджикистан Давлатзода Нусратулло, архивное фото
Глава налогового комитета Таджикистан Давлатзода Нусратулло, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2023
Обуна шудан
Раиси Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон таъкид кард, ки ба тамоми андозсупорандаҳои ҷумҳурӣ огоҳнома ирсол шудаасту ташвиқот дар ин самт идома дорад
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Дар нимсолаи якуми соли равон беш аз 214 ҳазор амалиёти ғайринақдии пардохти андозҳо ба маблағи 60 млн сомонӣ амалӣ карда шудааст.
Ин нуктаро раиси Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон, Нусратулло Давлатзода, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, афзуд, ки аллакай дар моҳи аввали нимсолаи дуюм амалиёти ғайринақдӣ ба маротиб афзоиш ёфтааст.
Ӯ аз ҷумла иттилоъ дод, ки моҳи июли соли равон 223 ҳазор амалиёти пардохти ғайринақдии андозҳо ба маблағи 72 млн сомонӣ амалӣ шуд.
Давлатзода таъкид кард, ки барои иҷрои фармони президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар бораи густариши пардохтҳои ғайринақдӣ фаҳмондадиҳиро бо андозсупорандагон таҳким бахшидаанд.
Вывеска на здании Налогового комитета при правительстве РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2023
Кумитаи андоз гуфт, ки ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар пул ворид кард
Вай тавзеҳ дод, ки дар баробари ирсоли огоҳнома инчунин ташвиқот дар бозору марказҳои тиҷорӣ, аз ҷумла - тариқи паҳни варақаҳо идома дорад.
Нусратулло Давлатзода афзуд, ки барои осону дастрас шудани пардохтҳои ғайринақдии андоз Кумита қариб бо ҳамаи ташкилотҳои молиявии ҷумҳурӣ созишнома ба имзо расондааст.
Қаблан тибқи дастури раиси шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалӣ аз ин сана ҳукумати пойтахт барои гузаштан ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барномаи Smart Pay-ро ҷорӣ мекунад.
Тавре муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев қайд кард, тамоми ширкатҳои таъминкунандаи алоқаи мобилӣ ва интернет муваззафанд, ки барои таъмини амнияти иттилоотӣ меъёрҳои байналмилалиро риоя кунанд.
Лентаи хабарҳо
0