Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Шойгу: техникаи таърифии ғарбӣ дар ҷанг бекамбудӣ набудааст

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкМинистр обороны РФ Сергей Шойгу
Министр обороны РФ Сергей Шойгу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2023
Обуна шудан
Вазири мудофиаи Русия дар доираи ҳамоиши байналмилалии "Армия-2023" аз силоҳҳои ватанӣ тавсиф карда, онро бо силоҳҳои ғарбӣ муқоиса намуд
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Силоҳҳои Русия қудрат ва бартарии худро дар майдони ҷанг собит карда, ба таҳримҳо мутобиқ шуда, иқтидори худро афзоиш доданд.
Ин нуктаро вазири дифои Русия, Сергей Шойгу, дар ҳамоиши байналмилалии "Армия-2023" дар вилояти Маскав изҳор дошт. Ӯ қайд кард, ки таҷҳизоти рақибон аз таҷҳизоти Русия ақибмондатар мебошанд.
"Таҷҳизоти ба таври васеъ таблиғшавандаи ғарбӣ дар шароити воқеии ҷангӣ бенуқсон набудаанд", - изҳор дошт вазири дифои Русия.
Шойгу таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки бархе аз коркардҳои Русия, ки дар ин ҳамоиш муаррифӣ шудаанд, алакай дар майдони ҷанг дар чаҳорчӯби амалиёти вижа дар Украина татбиқ гардида истодаанд.
Вай афзуд, аз техникаи ғаниматие, ки аз ҷониби низомиёни Русия дар давоми амалиёти вижаи низомӣ ба даст овардаанд, иштирокчиёни чорабинӣ метавонанд дар намоишгоҳ дидан кунанд.
Путин аз рушди бесарнишинҳо то зеҳни  сунъӣ гуфт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2023
Путин гуфт, бо кадом кишварҳо дар бахши низомӣ ҳамкорӣ хоҳад кард
Аз ҷумла, қарорҳои навовар ба ҳавопаймоҳои бесарнишин дахл доранд, афзуд вазири мудофиаи Русия.
Ӯ изҳори умед намуд, ки дар доираи ин ҳамоиш созишномаҳои зиёди тарафайн муфид бо кишварҳои иттифоқчӣ баста хоҳанд шуд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамоиши байналмилалӣ таҳти унвони "Армия-2023" аз 14 то 20 август дар Маркази конгресс ва намоишгоҳи "Патриот", дар тамрингоҳи Алабино ва фурудгоҳи Кубинкаи вилояти Маскав ҷараён хоҳад дошт.
Дар ҳамоиши мазкур 85 ширкат ва ташкилоти хориҷӣ аз 7 давлат ширкат доранд.
Лентаи хабарҳо
0