"Ин камбудии мост": Раҳмон дар бораи рабудану куштори ноиби раиси "Ориёнбонк"

© SputnikРахмон Юсуф Ахмадзод генеральный прокурор РТ, архивное фото
Рахмон Юсуф Ахмадзод генеральный прокурор РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.08.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Додситонии кулли Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки чӣ гуна гуруҳи муташаккили ҷиноӣ дар як кишвари ором тавонист ноаён даст ба одамрабоӣ занад
ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Сабаби аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пинҳон мондани омодагиҳо ва рабудани ноиби раиси "Ориёнбонк", Шуҳрат Исматуллозода ба собиқаи кории ду нафар аз ҷинояткорон дар мақомот рабт дорад.
Дар ин бора додситони кулли ҷумҳурӣ, Юсуф Раҳмон зимни посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки ин 2 корманди пешини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо фаъолияти оперативӣ ҷустуҷӯӣ хуб балад буданд.
Онҳо дар тайёрӣ ба ин ҷинояти мудҳиш аз роҳҳои конспиратсия истифода карданд, кӯшиш карданд амалҳояшон ноаён монанд, тавзеҳ дод додситон.
"Ин боиси он шудаст, ки мо, яъне кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тайёрӣ ва содиршавии ин ҷинояти мудҳишро пешгирӣ карда натавонистем. Ин камбудии мо аст", - гуфт Раҳмон.
Вай гуфт, пас аз содир кардани ҷиноят гуруҳи муташаккил, мошин, ҷасад ва асбоберо, ки аз он истифода карданд, ба дарё партофтанд.
Додситони кул афзуд, ки бо вуҷуди ин ҳама пинҳонкорӣ дар муддати ҳамагӣ ду рӯз ин ҷиноят кушода шуд.
"Айни ҳол 13 нафар дар боздоштанд. Се нафари дигар, ки дар хориҷа астанд, дар рӯзҳою моҳҳои наздик ҳатман дастгир карда ба Тоҷикистон меоварем", - илова намуд додситон.
Юсуф Раҳмон ваъда дод, ки талош хоҳанд кард, дар оянда тайёрӣ ба чунин ҷиноятҳою содиршавии онҳо ноаён намонад ва амнияту осудагии кишвар таъмин карда шавад.
Маврид ба зикр аст, ки раҳбари гурӯҳи ҷиноӣ Дилшод Саидмуродов, мулаққаб бо номи "Дилшоди СБ" ва яке аз аъзои он Рустам Ашӯров, ки баъди тирандозӣ дар фурудгоҳи Молдова зимни амалиёти ҷавобӣ маҷрӯҳ ва дар беморхона ба ҳалокат расид, дар гузашта корманди мақомот будаанд.
Рамазон Рахимзода, министр внутренних дел Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2023
Вазир: Дар дуздии муовини раиси "Ориёнбонк" ду корманди пешини ВКД даст доштанд
ВКД қаблан хабар дода буд, ки рӯзи 23 июни соли 2023, соати 20:10 дар кӯчаи Закариё Розии шаҳри Душанбе аъзои гуруҳи ҷиноятпеша ноиби раиси "Ориёнбонк"-ро зӯран ба автомашина савор намуда, бурдаанд.
Баъдан додситонӣ тафсилоти қазияро баён дошта, таъкид намуда буд, ки дар пайи шиканҷа ноиби раиси "Ориёнбонк" ҷон додаст.
Мақомот бо такя ба маълумоти оперативӣ изҳор медоштанд, ки ҷасади марҳум ба дарёи Зарафшон андохта шудааст. Ҷасади марҳум баъди ҷустуҷӯи тӯлонӣ аз дарё дар Панҷакент ёфт шуда, феълан ташхис муайян гардидаст.
Лентаи хабарҳо
0