Баҳрнавардони Русия киштии боркаши раҳсипор ба Украинаро тафтиш карданд - видео

Обуна шудан
Ҳайати киштии посбонии Русия "Василий Биков" барои тафтиши киштии борбар дар Баҳри Сиёҳ, ки ба бандари Украина ҳаракат мекард, оташи огоҳкунанда кушод
Вазорати дифои Русия наворҳои кори гурӯҳи бозрасии баҳриро нашр кард, ки дар он аз водорсозӣ ба бозистодан то санҷиши ҳуҷҷатҳо инъикос ёфтааст.
Ба иттилои ин ниҳод, киштии борбари "Сукра Окан", ки таҳти парчами Палау ба сӯи бандари Измаили Украина шино мекард, мавриди тафтиш қарор гирифт.
Таъкид шуд, ки ҳайати киштии посбонии Русия "Василий Биков" барои тафтиши "Сукра Окан" дар Баҳри Сиёҳ маҷбур шуд, оташи огоҳкунанда кушояд.
Дар навор аз ҷумла парвози чархболи русии Ка-29-и ба саҳни киштии боркаш намоиш дода мешавад, ки ба талаботи қатъи ҳаракат итоат накардааст.
Русия аз ҳамлаи нобарори Украина ба пули Қрим хабар дод - видео
Сипас, баъди саркашии "Сукра Окан", баҳрнавардони Русия аз чархбол ба саҳни киштӣ фаромада, ҳайат ва ҳуҷраю биноҳои киштиро нахуст аз санҷиш гузаронданд. Аз ҷумла, санҷида мешуд, ки ягон колои мамнӯъ ба Украина интиқол дода нашавад.
Тавре дар Вазорати мудофиаи Русия қайд карда шуд, дар рафти чорабиниҳои санҷишӣ кори гурӯҳи бозрасӣ бо камоли кордонӣ, тибқи талаботи санадҳои байналмилалӣ сурат гирифтааст.
Таъкид гардид, ки дар охир санади тафтиши "Сукра Окан" тартиб дода шуда, киштӣ ҳаракаташро ба самти бандари Измаил идома дод.
Лентаи хабарҳо
0