Пас аз амалкарди Русия рубл дар Тоҷикистон гарон шуд

© ShutterstockДеньги в руках
Деньги в руках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2023
Обуна шудан
Дар бозори арзи Тоҷикистон қимати пули Русия, ки тайи моҳҳои ахир ба поинтарин сатҳ дар соли ҷорӣ расида буд, давоми ду рӯз аст, ки гаронтар мешавад
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод арзиши пули русӣ дар бозори арзи кишвар каме боло рафта, ҳоло 1000 рубл 114 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл дар кишвар 1000 рубл 111,5 сомонӣ арзиш дошт.
Асъори русӣ тайи ҳафтаҳои ахир ба поинтарин сатҳи нишондодаш дар соли ҷорӣ баробар шуд, аммо дар пайи боло бурдани меъёри бозтамвил дар Русия он дигарбора майли гаронӣ дорад.
Ахиран Бонки марказии Русия барои дастгирии арзаш меъёри бозтамвилро аз 8,5% то 12% боло бурд.
Пас аз ин амалкард, пули русӣ дар баробари сомонӣ 5,5 сомонӣ гарон шуд.
Дар ҳамин ҳол вазъи пули амрикоӣ рӯ ба коҳиш дорад. Агар рӯзи қаблӣ бар ивази ҳар доллар 10.9605 сомонӣ медоданд, ҳоло 10.9600 сомонӣ медиҳанд.
Асъори аврупоӣ ҳам каме коҳиш ёфтааст. Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар бозори арз барои як евро 11.9672 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз як рӯз пеш қурби евро 11.9754 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Председатель Национального банка Таджикистана Холикзода Хоким - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2023
Раиси БМТ аз рушди иқтисоду ММД-и Тоҷикистон ва доллар гуфт
Бонки миллии Тоҷикистон, ҳамчунин, нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст.
Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА аз 10.96 то 11сомонӣ, 1 евро аз 11.9672 то 12.2500 сомонӣ, 1000 рубли русӣ аз 114 то 117,5 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.
Лентаи хабарҳо
0