Чемпионати ҷаҳон оид ба таэквондо: Тоҷикистонро 24 варзишгар намояндагӣ мекунад

© Foto / Пресс-служба НФТиКНа Чемпионат мира по таэквондо под флагом Таджикистана выйдут 24 спортсмена
На Чемпионат мира по таэквондо под флагом Таджикистана выйдут 24 спортсмена - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2023
Обуна шудан
Тавре ки дар Федератсияи миллии таэквондо ва кикбоксинг ITF-и ҷумҳурӣ қайд кардаанд, ҳамаи варзишгарон ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар шомиланд
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба таэквондо, ки дар Қазоқистон баргузор мешавад, Тоҷикистонро 24 нафар варзишгарон намояндагӣ мекунанд.
Дар ин бора дар дафтари матбуоти НФТ Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар назар аст, ки мусобиқа аз 19 то 27 август доир шавад.
Қайд карда мешавад, ки ҳамаи варзишкорон ба ҳайати тими яккачини ҷумҳурӣ дохиланд.
Дар чемпионат дар маҷмӯъ беш аз 900 варзишгар аз 45 кишвари ҷаҳон ширкат меварзанд.
Дзюдо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2023
Ҷудокорони тоҷик дар Zagreb Grand Prix 2023 бо киҳо вориди сабқат мешаванд
Рақибони асосии варзишгарони ҷумҳурӣ паҳлавонони Кореяи Шимолӣ, Юнон, Русия, Қазоқистон, Булғористон, Аргентина, Чин ва дигар кишварҳо хоҳанд буд.
Чемпионат аз рӯи 9 намуд: техникаи махсус, шикастани тахта, набарди сохта – дифоъ аз худ ва ғайра баргузор мешавад.
Қаблан маълум шуд, ки се ҷудокорори тоҷик наметавонанд дар Гран Прии Загреб-2023 дар Хорватия ширкат кунанд.
Сабаби ин саривақт дарёфт карда натавонистани раводид будааст.
Лентаи хабарҳо
0