Тими миллии Тоҷикистон дар "Ҷоми Мердека" иштирок мекунад

© Foto / ФФТСборная Таджикистана готовится к CAFA-2023
Сборная Таджикистана готовится к CAFA-2023 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2023
Обуна шудан
Дар доираи омодагиҳо ба бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар як мусобиқаи байналмилалӣ дар Малайзия нерӯ месанҷад
ДУШАНБЕ, 18 авг – Sputnik. Тими миллии Тоҷикистон дар риштаи футбол дар мусобиқаи "Ҷоми Мердека" дар Малайзия ширкат хоҳад кард.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки иштирок дар ин мусобиқа дар доираи омодагиҳо ба бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 сурат мегирад.
Дар мавриди замони баргузории ин мусобиқаҳо гуфта шуд, ки он дар рӯзҳои ФИФА - моҳи октябри ҳамин сол баргузор мешаванд.
Ба иттилои ФФТ, дар даври ниманиҳоии мусобиқоти "Ҷоми Мердека" мунтахаби Тоҷикистон 13 октябр бо тими Фаластин бозӣ мекунад. Оғози ин бозӣ соати 13:30 бо вақти Душанбе дар назар аст.
Дзюдо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2023
Ҷудокорони тоҷик дар Zagreb Grand Prix 2023 бо киҳо вориди сабқат мешаванд
Дар вохӯрии дигари даври нимниҳоӣ дастаҳои Малайзия ва Ҳиндустон нерӯ месанҷанд, афзуд Федератсияи футболи Тоҷикистон. Ин зӯрозмоӣ соати 18:00 ба нақша гирифта шудааст.
Манбаъ таъкид кард, ки ғолибони даври ниманиҳоӣ 17 октябр дар бозии ниҳоӣ ва дастаҳое, ки дучори бохт шудаанд, барои нишонҳои биринҷӣ мубориза мебаранд.
Ҳама бозиҳои ин мусобиқа дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалили Куала-Лумпур доир мешаванд, афзуд Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0