Тоҷикистон дар кунгураи зиддифашистӣ дар Беларус ширкат мекунад

© Sputnik Международный антифашистский конгресс в Минске
Международный антифашистский конгресс в Минске - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2023
Обуна шудан
Дипломатҳо аз маҷмааи ёдгории "Хатин" дидан хоҳанд кард, ки дар он ҷо шинондани дарахти хотираи иштирокчиёни конгресс дар назар аст
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Тоҷикистон дар кунгураи зиддифашистӣ дар Минск иштирок мекунад.
Дар ин бора аз вазорати дифоъи Беларус хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки дар ин чорабинӣ намояндагони 30 кишвари ҷаҳон низ ширкат хоҳанд кард.
Ҳамин тавр, дар чорабинӣ аз мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, ҳамзамон, намояндагони Қазоқистон ва Туркманистон низ ширкат хоҳанд кард.
Дар барномаи кунгура на фақат мубоҳисаҳо, балки сафар ба ҷойҳои аз ҷиҳати таърихӣ муҳим ва фаромушнашавандаи Беларус низ пешбинй карда шудааст.
Дипломатҳо маҷмааи ёдгории "Хатин"-ро, ки дар ҷои деҳае, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамроҳ бо сокинон сӯхта буданду дигарбора обод шуд, дидан мекунанд, дар ин ҷо шинондани дарахти хотира аз ҷониби иштирокчиёни кунгура дар назар аст.
Қаҳрамонони Ғалаба дар харитаи Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2023
Ёде аз қаҳрамонони ҶБВ дар харитаи Душанбе
Баъд аз он иштироккунандагони кунгура осорхонаи таърихи ҷанги Бузурги Ватаниро дар Минск тамошо хоҳанд кард.
Идеяи баргузории Кунгураи байналмилалии зиддифашистӣ ба вазири дифои Русия генерали артиш Сергей Шойгу тааллуқ дорад.
Он бори нахуст 20 августи соли 2022 дар Маркази Патриот дар наздикии Маскав дар ҳошияи форуми байналмилалии ҳарбӣ-техникии "Армия-2022" баргузор шуда буд.
Дар он атташеҳои низомии 26 мамлакат ва 9 ҳайати вакилони хориҷӣ, вакилони Думаи давлатй, рохбарони руҳониёни адёни сертарафдори мамлакат, ходимони сиёсӣ ва ҷамъиятии Донбасс, собиқадорони ҶБВ иштирок доштанд.
Лентаи хабарҳо
0