Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Артиши Украина талош кард ба фурудгоҳи низомии вилояти Новгород зарба занад

© Sputnik / Алексей ДаничевБеспилотный летательный аппарат (БПЛА)
Беспилотный летательный аппарат (БПЛА) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2023
Обуна шудан
Вазорати дифои Русия хабар дод, ки артиши Украина тавасути паҳподҳо талош карданд ба фурудгоҳи низомӣ назди новгорон ҳамла кунанд
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Як паҳподи низомии украинӣ ба фурудгоҳи низомии вилояти Новгород ҳамла кард, як ҳавопаймо осеб дид.
Дар ин бора ахиран изҳороти вазорати дифои Русия расонаӣ шуд.
"Имрӯз, тақрибан соати 10:00 ба вақти Маскав, режими Киев бо истифода аз паҳподҳои шакли коптер ба фурудгоҳи низомӣ дар вилояти Новгород ҳамлаи террористӣ анҷом дод", - омадааст дар изҳороти вазорати дифоъ.
Паҳподро назоратчиёни майдони ҳавоӣ ошкор карданд. Ба сӯи паҳпод бо силоҳи дастӣ оташ кушода шуд.
"Дар пайи ҳамлаи террористӣ дар ҳудуди фурудгоҳ дар таваққуфгоҳи ҳавопаймоҳо сӯхтор ба амал омад, ки аз ҷониби дастаҳои оташнишонӣ зуд хомӯш карда шуд", - афзуд вазорат.
Ҳеҷ кас аз кормандон ва халабонҳо осеб надидаанд аммо ба як ҳавопаймо осеб расид.
Эмблема Организации Североатлантического договора (НАТО) в Брюсселе.   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2023
Пирӯзии Путин. Украина НАТО-ро дар хиёнат айбдор кард
Режими Киев пайваста кӯшиш мекунад, ки бо паҳпод ба қаламрави Русия зарба занад.
Ҳамин тавр, рӯзи 18 август нерӯҳои дифоъи ҳавоии Русия як паҳподро, ки ба сӯйи Маскав парвоз мекард, нобуд карданд.
Ду паҳподи дигар, ки ба пойтахт парвоз мекарданд, рӯзи 10 август сарнугун карда шуданд.
Ҳафтаи равон Ҷабҳаи Халқии умумирусия барномаи Радарро муаррифӣ кард, ки тавассути он русҳо метавонанд аз ҳолатҳои фавқулодда ва ҳамлаҳои паҳподҳо хабар диҳанд.
Лентаи хабарҳо
0