Эълони озмун миёни хадамотрасонҳо дар бахши сайёҳӣ дар Тоҷикистон

CC BY 2.0 / Ninara / Hissar Fortress, Dushanbe, TajikistanТуристы в городе Гиссар в Таджикистане
Туристы в городе Гиссар в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2023
Обуна шудан
Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки аз тариқи баргузории озмунҳо сатҳу сифати хидматрасонӣ дар соҳаро боло барад
ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Озмуни бахши сайёҳӣ дар Тоҷикистон аз рӯи 5 самт баргузор гардида, ҳадафи он рушди соҳа арзёбӣ мегардад.
Ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, озмун дар бахшҳои "Беҳтарин ширкати сайёҳӣ", "Беҳтарин меҳмонхона", "Беҳтарин тарабхона", "Сомонаи беҳтарин дар соҳаи сайёҳӣ" ва "Беҳтарин роҳбалад" сурат мегирад.
Аз доваталабон даъват шудааст, ки асноди иштирокро то 15 сентябр ба Кумитаи рушди сайёҳӣ, воқеъ дар кӯчаи Академик Раҷабовҳо 3 пешниҳод намоянд.
Кумита тавзеҳ дод, ки дар озмун 3 ҷой дар ҳар бахш муайян гардида, пешсафҳо бо димплому мукофотпулӣ қадрдонӣ мегарданд.
Гиссарская крепость, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2023
Ҳар сайёҳ дар Тоҷикистон чӣ қадар маблағ сарф мекунад?
Ҳадафи озмун, ҳавасмандгардонии субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ, роҳбаладон, ҷалб намудани коршиносони мустақил ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба тарғибу ташвиқи васеи имконоти сайёҳӣ гуфта мешавад.
Мақомоти Тоҷикистон талош доранд, сайёҳонро ба кишвар ҳарчи бештар ҷалб намоянду аз ин ҳисоб иқтисод пеш равад.
Ба иттилои раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, дар 6 моҳи аввали соли 2023 шумораи сайёҳони хориҷӣ дар кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34% афзоиш ёфтааст.
Иттилоъ дода шуд, ки давоми нимсолаи аввали соли равон аз Тоҷикистон 628 хориҷӣ боздид намуда, беш аз 487 ҳазор нафари онҳо бо ҳадафи сайёҳӣ ба кишвар омадаанд.
Лентаи хабарҳо
0