Русия лофи НАТО-ро ошкор кард

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкМеждународные военные учения "Summer Shield XIV" в Латвии
Международные военные учения Summer Shield XIV в Латвии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2023
Обуна шудан
Ҳадаф аз ҳама гуна машқҳо - на танҳо беҳтар намудани ҳамгироии ҷангӣ, балки хоҳиши гирифтани алави чашми душмани эҳтимолӣ, яъне артиши русиягӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik, Елена Караева. Машқҳои низомии Паймони Атлантикаи Шимолӣ дар ҳайати 250 сарбози Люксембург (оре, маълум гашт, ки дар он ҷо низ артиш ҳаст) ва Фаронса дар размоишгоҳи руминии Бабадаг оғоз гардиданд.
Ҳадаф аз ҳама гуна машқҳо - на танҳо беҳтар намудани ҳамгироии ҷангӣ, балки хоҳиши гирифтани алави чашми душмани эҳтимолӣ, яъне артиши русиягӣ мебошад. Чуноне, ки рӯзи дигар нашрияи соҳавӣ хабар доданд - дуввумин дар ҷаҳон аз рӯи қудрати оташандозӣ ва қобилияти ҷангӣ.
Ва агар Люксембург моро шилқинона ба мушкилоти низомӣ дучор кунад, саривақтист ба он назар кунем, ки дар амал сиёсати НАТО дар Аврупо имрӯз чӣ гуна метобад.
Аён аст, ки чӣ гуна роҳбарияти НАТО дурӯғ мегуфт, ки “ба Шарқ доман паҳн намекунад”.
Эмблема Организации Североатлантического договора (НАТО) в Брюсселе.   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2023
Пирӯзии Путин. Украина НАТО-ро дар хиёнат айбдор кард
Он вақт гапфурӯшӣ барои он зарур буд, то душмани эҳтимолии стратегӣ гумроҳ карда шавад.
Аммо маълум шуд, ки натогиҳо дар муносибат бо кишварҳое, ки гӯё онҳоро дастгирӣ мекунад, тарзу усули қартабозони завқи бад доштаро ба кор мебаранд - одамони соддалавҳ фикр кунанд, ки НАТО онҳоро аз " “диктаторони золим" ва ё "хирси таҷовузкори рус" ҳимоя мекарда бошад.
Ҳарчанд дар машқҳои НАТО дар Руминия скрипканавози асосӣ Люксембург аст (бе шӯхӣ), ин саҳнасозӣ аст. Аъзои НАТО барои он мешаванд, ки кирдорҳояшон пинҳон монад.
Ба Вашингтон бошад танҳо ҳамин лозим асту халос. Назорати пурраи давлатҳое, ки ба зери чатраш афтоданд ва бераҳмӣ нисбати ба онҳое, ки мехоҳанд бо ба зери чатрашон будагон наздик шаванд.
Инро Ҷеффри Сакс хотиррасон намуд – оне, ки замоне дӯстдоштаи тамоми аъёни глобалистӣ буд ва ҳоло бошад ба мазлуме табдил ёфтааст, зеро профессори иқтисод чунон сӯхтан дорад, ки чунинаш кам ба назар мерасад.
Украинские военнослужащие - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2023
Ғарб хаста шуд. Украинаро барои шикаст омода доранд
Сакс изҳор дошт: аввал ин, ки ИМА Украинаро ғанимати ҷангии худ меҳисобад", аммо бо ин қонеъ нашуд ва илова намуд, ки (ИМА) ният дорад онро "ба Афғонистони дуюм" табдил диҳад.
Ғанимат ё ғанимат не - он қадар муҳим нест, зеро таи понздаҳ соли охир мо ҳамаи инро шоҳидӣ дорем, аммо дар бораи “Афғонистони аврупоӣ" - ин фикри ҷолиб.
Ва ин тарзи баёни фикр бо вуҷуди он, ки чун намуна ғайричашмдошту шадид аст, вале хело дақиқ аст.
Мо ҳаводиси 22 соли пешро дар ёд дорем – замоне, ки нерӯҳои натогӣ ба Афғонистон барои ҷорӣ намудани тартибот (дар бораи баҳонаву сабабҳояш баъдтар мегӯем) сафар кард ва онро бо зӯрӣ ба биҳишти демократӣ кашиданӣ шуд.
Роҳҳои демократикунонӣ басо хунин буданд – бомбаборонкунӣ тавассути ҳавопаймоҳо ва тирпаррониҳои шадид аз артиллерия.
Амрикоиҳо чун бетамизон рафтор мекарданд: кадом вақте ки мехостанд ва ба ҳар ҷоеву сари ҳар касе мехостанд мушак мепартофтанд. Тӯй, ид дар деҳа, раҳпаймоӣ - инаш барояшон боре ҳам ҳеҷ фарқе надошт.
Флаг США, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2023
Бар ивази Украина: ИМА аз даст додани иттифоқчиёнашро дар саросари ҷаҳон эътироф кард
Охир сӯи онҳое тир мекушоданд, ки на амрикоӣ буданду на аврупоӣ - сӯи онҳое, ки ҳақи ҳаёташон ягон арзише надошт. Ва барояшон ҳеҷ нақше надошт, ки талафоти иловагӣ аз ҷониби онҳое низ буд, ки ба ғарбиён содиқ буданд ё ба қавле оташ сӯи худиҳо низ мекушоданду онҳоро низ қурбон меканданд - friendly fire.
Воқеан, мо онҳоро замоне дидем, ки ба шассиҳои ҳавопаймоҳои натогӣ ҳамел буданду даст мезаданд - сӯи сарбозони артиши – чуноне, ки мегӯянд - пурқудрати ҷаҳон, ки ду сол пеш аз фурудгоҳи Кобул думро хода карда буданд.
Бист соли маҷбуркунӣ ба пешрафт ва қабули “арзишҳо”-и ғарбӣ ба бист соли бесарусомонӣ ва шикасти пурраи сиёсиву низомӣ табдил ёфт. Ҳукумат, ки боз ҳам бо пули ғарбӣ зиндагӣ мекард, бо он маблағҳое, ки ба сарф кардан фурсат наёфта буд, тараддуд кард то бо ҷомадонҳои пури пул тахлия карда шавад.
Фарҷоми нангин - зеро ба рақиб баҳои воқеӣ дода нашуд.
Дар замони кунунии бӯҳронӣ (дар ин маврид суханони Сакс аз одилона ҳам беш аст) бо Амрико ва зархаридони аврупоиаш, ки Украина низ худро шомили он меҳисобад, маҳз ҳамин ҳолат рух дод.
Танки Abrams армии США 2-й бригады 69-го полка 2-го батальона на железнодорожной станции в Литве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Амалиёти вижаи низомӣ: баталёни аввали танкҳои Abrams самти маҳвшавӣ ҳаракат дорад
Гӯе барномае дар дар қолаби дастгоҳи чопии қадима шах шуда бошад: нодида гирифтани неруву захираи душман, ва ин дафъа - Русия.
Чунин бадбинӣ нисбат ба ҷомеа ва арзишҳои русиягӣ чун натиҷаи шикастҳои пай дар пай аст. Ҳам низомӣ ва ҳам сиёсӣ. Ҳам дар иқтисодиёт ва ҳам дар майдони ҷанг.
Шояд барвақттар бошад, на дертар (ҷанги бо дасти дигарон бурдашудаистода ёрои дигар намудани ақвими интихоботро на дар Амрико ва на дар ИА надорад), ба НАТО лозим меояд, ки аз Украина фирор кунад. "Леопард"-ҳо, "Брэдли", "Абрамс" ва " Патриот"-ҳоро партофта.
Ин охирин фикре, ки ғарбиён ҳини тарки Украина дар сар хоҳанд дошт, яъне пас аз маҳрум намудани Украина – ин кишвари барояшон бегона – аз дастгирии молиявӣ.
Дар натиҷаи амалҳои нопоку хатарзои онҳо, ки мағрурона аз он "геополитика" ном бурда мешавад, ба вайрона табдил ёфтааст. Ва ба танҳоӣ монд. Чуноне, ки мегӯянд, дар майдони холӣ.
Афғонистони дуюм амалан дар остонаи НАТО бо тамоми паёмадҳояш - чизест, ки Русия борҳо аз он огоҳ намудааст - бе он ки исми "Афғонистон" - ро аз рӯи некдлилӣ ва ҳамдардии муайян ном барад, то ки хурӯҷи навбатии нишонаҳои пас аз осебро ба миён наорад.
Бронеавтомобиль Дозор на военном параде на Украине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2023
"Мо зид": Сиёсатмадори олмонӣ дар бораи интиқоли силоҳ ба Украина
Дар ҳамин ҳол, албатта, равшан буд, ки ҳамсӯҳбатон бо кортҳои намкардашудаву нишонгузоридашуда бозии пурфиребу ғиромона доштанду лоф мезананд, ки ин барояшон "аз рӯи қоидаҳо"аст – қоидаҳои худашон бофта.
Аммо, тавре ки шумо медонед, аз мӯи сари ғулии ин бозигарони бадбахт тӯли чанд сол аллакай нишоне намонд.
Қартабозонро накӯфтанд. Чун фиребро диданд, ба онҳо бо амал ҷавоб доданд, ва ба НАТО-и фатиламуй интихобе нагузоштанд, ҷуз аз думро хода кардану дифои қанотҳоро ба низомиёни Люксембург додан, то ҳимоя кунанд.
Лентаи хабарҳо
0