Рубл дигарбора дар Тоҷикистон беқурб мешавад

© Sputnik / Владимир ТрефиловДенежные купюры и монеты.
Денежные купюры и монеты. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2023
Обуна шудан
Рубли русӣ дар бозори арзи Тоҷикистон дар қиболи пули миллӣ устуворияшро боз аз даст дорад медиҳад, аммо доллару евро бошад тадриҷан гаронтар мешавад
ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, қимати пули русӣ дар бозори арзи кишвар коҳиш ёфта, ҳоло 1000 рубл 116,5 сомонӣ аст.
Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл 1000 рубл 117 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Асъори русӣ дар ҳафтаи гузашта, пас аз онки Бонки марказии Русия меъёри бозтамвилро боло бурд, каме тақвият ёфт, аммо дер давом накард.
Қурби асъори амрикоӣ бошад каме боло рафтааст. Агар як рӯз қабл бар ивази як доллар 10.9600 сомонӣ медоданд, ҳоло 10.9603 сомонӣ медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол вазъи пули аврупоӣ ҳам боз беҳтар шудааст. Тибқи иттилои Бонки миллӣ ҳоло барои ҳар евро 11.9533 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки рӯзи қаблӣ як евро ба 11.9102 сомонӣ баробар буд.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст.
Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА 10.9603 то 11.0000 сомонӣ, 1 евро аз 11.9533 то 12.2000 сомонӣ ва 1000 рубли русӣ аз 116,5 то 119,5 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.
Лентаи хабарҳо
0