Ба Ҷамолиддин Абдуллозода медал доданд

© Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ТоҷикистонҶамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2023
Обуна шудан
Ҷамолиддин Абдуллозода бо медали ҷашнии “90-солагии Иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон” қадрдонӣ гашт.
ДУШАНБЕ, 23 авг – Sputnik. Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ вазири тандурустии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозодаро бо медал қадрдонӣ кард.
“Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тибби Тоҷикистон ва 90-солагии таъсисёбии Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон аз ҷониби Кумита бо медали ҷашнии “90-солагии Иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон” қадрдонӣ карда шуд”, - хабар додааст манбаъ.
Онкологическая больница  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2023
Дар Хатлон қариб 500 иншооти тандурустӣ бунёд мешавад
Қайд карда шудааст, ки медали ҷашнии мазкурро 21 августи соли равон роҳбарияти Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба вазири тандурустӣ тақдим карданд.
Дар навбати худ, роҳбарияти ба роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои дастгириҳои пайваста изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуд.
Лентаи хабарҳо
0