Сатҳи бекорӣ паст: Сарвазири Русия омодасозии бештари кадрҳоро талаб кард

© Sputnik / Александр Астафьев / Гузариш ба медиабонкПремьер-министр РФ Михаил Мишустин
Премьер-министр РФ Михаил Мишустин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2023
Обуна шудан
Раиси ҳукумати Русия бо таъкиди сатҳи пасти рекордии бекорӣ дар кишвар илова намудааст, ки дар бахше соҳаҳо норасоии кадрҳо мавҷуд мебошад
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Нахуствазири Русия Михаил Мишустин хостори таҳкими омодасозии кадрҳо ва бозомӯзии онҳо шуд.
Ӯ зимни ҷаласаи Шӯрои рушди стратегии лоиҳаҳои миллӣ гуфт, бо вуҷуди сатҳи пасти бекорӣ дар бахше соҳаҳо кадрҳо намерасанд.
"Дар кишвар ҳоло сатҳи бекорӣ ба ҳадди рекордӣ паст мебошад, аммо дар баробари ин норасоии мутахассисон дар як қатор бахшҳо мушоҳида мешавад. Ин масъала таваҷҷӯҳи махсусро тақозо мекунад", - гуфт сарвазир.
Раиси ҳукумат ҳушдор дод, ки ин раванд дар дарозмуддат дар сурати ҷой доштани тамоюли мусбӣ дар иқтисод, метавонад ба мушкили ҷиддӣ табдил ёбад.
Ба гуфтаи ӯ, сари вақт омода кардан ва бозомӯзии кадрҳо зарур аст.
Видеообращение президента РФ В. Путина к участникам Делового форума БРИКС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2023
Путин: Ҳамкории БРИКС ба эҳёи иқтисоди ҷаҳонӣ мусоидат мекунад
"Пеш аз ҳама бо назардошти дурнамои талабот дар бахшҳои калидӣ бояд таъмин карда шавад. Худи ҳозир зарур аст, ки чораҳо барои тағйир додани вазъ андешида шаванд", - гуфт ӯ.
Сарвазири Русия хост, барномаҳо дар ин самт бо назардошти миқёсу сохтори иқтисод ва талабот коркарду амалӣ гардонида шаванд.
Маврид ба зикр аст, ки иқтисоди Русия бо вуҷуди таҳримҳои густурдаи ғарбӣ тамоюли мусбатро ҳифз кардааст.
Лентаи хабарҳо
0