Ба хотири саломатӣ: Коршинос гуфт, чаро эҳтимол Роналду ба Душанбе намеояд?

© AFP 2023 / Sonny TumbelakaВошедший в список самых красивых мужчин в мире журнала Nubia португальский футболист Криштиану Роналду
Вошедший в список самых красивых мужчин в мире журнала Nubia португальский футболист Криштиану Роналду - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Коршиноси риштаи варзиш Дамир Камолиддинов имкони ба Тоҷикистон омадани футболбози португалӣ Криштиану Роналдуро зери суол гузошта, омилҳоро тавзеҳ дод
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Яке аз омилҳое, ки метавонад монеи сафари футболбоз Криштиану Роналдо дар ҳайати тими "Ан-Наср" ба Тоҷикистон гардад, сабзаи сунъии варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе мебошад.
Ин нуктаро коршинос Дамир Камолиддинов дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон баён дошт.
Дар доираи лигаи қаҳрамонҳои Осиё, интизор меравад, ки тими "Ан-Наср"-и Арабистони Саудӣ 5 декабр дар Тоҷикистон бо "Истиқлол"-и Душанбе зӯр озмояд. Мухлисон интизор доранд, ки Роналду дар ҳайати "Ан-Наср" вориди Душанбе мегардад.
Аммо Дамир Камолиддинов мегӯяд, ба гумон аст, ки Роналду дар майдони сунъӣ бозӣ кунад.
"Ӯ нисбати саломатии худ хеле ҳассос аст, бинобар ин фикр мекунам, ки барои бозӣ дар варзишгоҳи марказии Душанбе таваккал намекунад", - гуфт ӯ.
Ба андешаи ӯ, ҳарифоне чун "Ан-Наср" дар ҳайатҳои асосияш бо иштироки ситораҳо одатанд танҳо дар пойтахтҳои кишварҳои бузург бозӣ мекунанд
"Афсӯс, ки мо дар даври охир бозӣ мекунем. Агар онҳо вазифаи баромадан аз гурӯҳро иҷро кунанд, метавонанд танҳо бозигарони маҳаллӣ, ҳайати дуюмро биёранд. Бе ситораҳо", - изҳор дошт коршинос.
Ӯ зикр намуд, ки чунин дастаҳо ҳамеша мехоҳанд ҳама чизро барвақттар ҳал кунанду то охир кашола надиҳанд.
Ёсин Бобокалонов барандаи медали биринҷии Қаҳрамонии ҷаҳон байни наврасон шуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2023
Ёсин Бобокалонов аввалин медалро дар Загбер ба мунтахаби Тоҷикистон овард
"Фикр мекунам, ки ин барои "Истиқлол" дар ин бозӣ душвор хоҳад буд. Аммо дар футбол ҳамеша мӯъҷиза ҷой дорад. Барои натиҷаи хуб барои даста мухлисӣ ва умедворӣ мекунем", - афзуд Камолиддинов.
Маврид ба зикр аст, ки 24 август натоиҷи қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар мавсими 2023/2024 маълум шуд.
Бошгоҳи футболи "Истиқлол"-и Душанбе дар гурӯҳи "Е" бо тимҳои Эрон ("Персеполис"), Қатар ("Ал-Дуҳайл") ва Арабистони Саудӣ ("Ан-Наср") бозӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0