Вазир: Табибон аз хориҷа омада, дар Тоҷикистон кор карда истодаанд

© Sputnik / Алексей СухоруковВрач в палате, архивное фото
Врач в палате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2023
Обуна шудан
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон муҳоҷирати табибонро як раванди маъмулӣ хонда, афзуд, ки барои ҷалби мутахассисон чораандешӣ доранд
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Солҳои охир шумораи табибоне, ки ба хориҷи Тоҷикистон мераванд, бамаротиб коҳиш ёфта истодааст, изҳор дошт вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, Ҷамолиддин Абдуллозода.
Ӯ дар суҳбат бо нашрияи парлумонии "Садои мардум" гуфт, давоми солҳои охир шумораи табибоне, ки аз кишварҳои хориҷ барои идомаи фаъолияти корӣ ба Тоҷикистон меоянд, афзоиш ёфта истодааст.
"Аз ҷумла, дар шашмоҳаи аввали соли равон 72 табиб ва 51 ҳамшираи тиб аз дигар давлатҳо омада, дар кишварамон фаъолияташонро идома дода истодаанд", - гуфт Абдуллозода.
Вай таъкид намуд, ки барои ҳавасмандгардонии табибон, хосатан табибони ҷавон, бо ҳукуматҳои маҳаллӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳамкориҳо ба роҳ мондаанд ва умедворанд, ки натиҷаҳои хуб ба даст хоҳанд овард.
Дар ҷамъбасти нимсола, Абдуллозода изҳор дошта буд, ки дар муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон норасоии бархе аз мутахассисон ҷой дорад.
Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2023
Чаро мансабдорони тоҷик барои табобат ба хориҷа мераванд?
Вай гуфт, кишвар 2298 табиб ва 575 ҳамшираи тиб намерасад. Аз ҷумла дар Душанбе - 49 табиб ва 35 ҳамшираи тиб намерасад.
Норасоии табибон дар Хатлон - 788 табиб баробар буда, масъалаи норасоии ҳамшираи шавқат дар вилоят пурра ҳал шудааст, гуфт вазир.
Суғд ба 579 табиб ва 54 ҳамшираи тиб ва ноҳияҳои тобеи марказ ба 412 табибу 319 ҳамшираи шафқат ниёз дорад. Илова бар ин дар муассисаҳои хусусӣ 149 пизишк ва 67 ҳамшира низ намерасад, афзуд вазири тандурустӣ.
Лентаи хабарҳо
0