Шумори ҳалокшудагон аз селхезиҳои ахир дар Тоҷикистон ба 17 тан расид

© КЧСПоследствия ливней в Таджикистане
Последствия ливней в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2023
Обуна шудан
Ҳоло комиссияи вижа дар ҳамдастӣ бо мутахассисони Кумитаи меъморӣ ва сохтмон барои расонидани кӯмак, хона ба хона гашта, зарари расидаро муаян мекунанд
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Теъдоди ҳалокшудагон аз селхезиҳои шаби 27 ба 28 дар Тоҷикистон афзоиш ёфт.
Наҷотдиҳандагон ҷасади чаҳор нафар, аз ҷумла 3 зан ва 1 марди дигарро аз даруни лойобҳо дар шаҳри Ваҳдат пайдо кардаанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Ҳамин тариқ,теъдоди фавтидагон дар ин офати табиӣ бо 13 тани аввала ба 17 нафар мерасад.
"Ҷасадҳо барои муайян кардани шахсияти онҳо ба мақомоти дахлдор супурда шудаанд", - афзудааст манбаъ.
Ба гузориши Кумита, барои бартарафсозии офати табиӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Н.Розиқ, Симиганҷ, Чуянгарон ва Ромити шаҳри Ваҳдат бо ҷалби 350 нафар сокинони маҳаллӣ дар баробари наҷотдиҳандагон ҷалб шуданд.
Дар натиҷа хатҳои обгузар, кӯчаву роҳҳо ва инчунин 25 бинои истиқоматӣ аз лою гил тоза карда шуд.
Гуфта мешавад, ки роҳи мошингарди Ваҳдат-Рамит низ пурра аз гил ва санг тоза карда шуда, ҳаракати нақлиёт таъмин гардид.
Ҳамзамон таъкид шудааст, ки ҳоло комиссияи вижа дар ҳамдастӣ бо мутахассисони Кумитаи меъморӣ ва сохтмон барои расонидани кӯмак, хона ба хона гашта, зарари расидаро муаян мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар боронҳои ахир зарари бештар аз ҳама ба шаҳри Ваҳдат расид.
Сели харобиовар дар ноҳияи Деваштич - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.08.2023
Дар Тоҷикистон 13 тан дар пайи боронҳо ахир ҳалок шуд: президент ҳамдардӣ кард
Бар асари селхезии шаби 27 ба 28 август дар ин минтақа 8 марду 3 зан ба ҳалокат расидаанд.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин зиёда аз 100 хонавода муваққатан аз минтақаи офатҳои табиӣ дар Ваҳдат ба ҷойҳои бехавф кӯчонда шудаанд.
Дар феҳрасти минтақаҳои асосии мавзеъҳои осебдида ҷамоати деҳоти ба номи Н. Розиқ, Симиганҷ, Чӯянгарон ва Ромит зикр гардидаанд.
Лентаи хабарҳо
0