1 сентябр дар Хатлон 110 ҳазор кӯдак ба синфи як меравад

© Раёсати маорифи вилояти ХатлонОмодагии мактаб барои қабули хонандаҳо дар Хатлон
Омодагии мактаб барои қабули хонандаҳо дар Хатлон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2023
Обуна шудан
Дар вилояти Хатлон тамоми муассисаҳои соҳаи маориф ба ба соли нави хониш ва қабули кӯдаконе, ки ба синфи як мераванд омодагӣ дидаанд
ДУШАНБЕ, 1 сен – Sputnik. Қарор аст имсол ба муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон 110 ҳазор кӯдак ба синфи як равад, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж” дар истинод ба Раёсати маорифи вилояти Хатлон.
Ба иттилои манбаъ қабули кӯдакон ба соли нави хониш дар ҳама муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон омода шудаанд.
“Бо дастгирии Ҳукумтаи кишвар, Вазорати маориф, ҳукумати вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорону шахсони саховатманд ҳама муассисаҳои соҳаи маориф ба соли нави хониши 2023-2024 омода гардида, бояд 110 ҳазор кӯдак бори нахуст қадами худро ба остонаи мактаб гузоранд”, - иттилоъ додааст Раёсати маорифи вилояти Хатлон.
Школьники в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.08.2023
Мақомоти Хатлон: 119 мактаб дар мавзеъҳои хавфнок ҷойгиранд
Қайд карда шудааст, ки танҳо дар моҳи сентябр, яъне дар арафаи соли нави таҳсил ва ҷашни 32-солагии истиқлоли давалтии кишвар 71 иншоот дар соҳаи маорифи вилоят бо 541 синфхона, 18 кабинети корӣ, 1 толори варзишӣ бо фарогирии 24 ҳазору 880 ҷойи нишаст дар ду баст ба истифода дода мешавад.
Раёсати морифи вилояти Хатлон рӯзи пеш 5 иншоот дар соҳаи маорифи вилояти Хатлон ба истифода дода шуд.
Ҳамзамон Раёсати морифи вилоят зикр кардааст, ки барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани омодагӣ ба соли нави хониш, "Рӯзи дониш" ва "Дарси сулҳ" кормандони шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ ба муассисаҳои таълимӣ барои кумаку назорати омодагӣ сафарбар гардидаанд.
Дар дигар шаҳру навоҳии вилоят низ дар сатҳи баланд омодагӣ дида истодаанд.
Лентаи хабарҳо
0