Пешниҳоди ҷойҳои холии корӣ ба тоҷикистониён дар Рӯзи китоб

© Depositphotos.com \ IrochkaЛежащие на книжной полке открытые книги
Лежащие на книжной полке открытые книги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2023
Обуна шудан
Дар баробари пешниҳоди китобҳо дар давоми рӯзҳои дарҳои боз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамчунин аксияи ҷойҳои холии корӣ низ баргузор мегард
ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон бо баргузории рӯзҳои дарҳои боз корҷӯёнро низ даъват кардааст, ки ба ин даргоҳ биёянд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Китобхонаи миллӣ, дар давоми рӯзҳои дарҳои боз 4-5 сентябр чорабиниҳои дигар низ дар назар мебошанд.
Аз ҷумла таъкид шудааст, ки дар баробари пешниҳоди китобҳо ба дӯстдорони он, инчунин намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва пешниҳоди ҷойҳои холии корӣ низ дар назар аст.
Аксияи ҷойҳои кории холиро Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ ташкил хоҳад кард.
Китоби Тоҷикон-и фарсуда, ки муҳаққиқи ҷавон дар Афғонистон пайдо кардааст - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2023
“Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба мардуми арабзабон дастрас шуд
Ин чорабиниҳо ба бахшида ба Рӯзи китоб баргузор мегарданд, ки ҳамасола тайи 16 соли охир 4 сентябр ҷашн гирифта мешавад.
Рӯзи китоб дар Тоҷикистон ба гузоштани санги асоси бинои нави Китобхонаи миллии кишвар дар соли 2007 рабт дорад.
Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни гузоштани санги асос пешниҳод карда буд, ки 4 сентябр, ки рӯзи оғози сохтмони Китобхонаи миллӣ мебошад, ҳамчун Рӯзи китоб муқаррар карда шавад. Баъдан ин ҷашн ба қонун дар бораи рӯзҳои ид ворид гардид.
Дар Тоҷикистон аз тариқи чорабинҳои мухталиф, аз ҷумла озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба монанди "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" талош доранд, китобхониро миёни ҷомеа ҳарчи бештар роиҷ гардонанд.
Лентаи хабарҳо
0