Берун аз уҳдадории худ: Ширкати IRS роҳи самти Айнӣ - Кӯҳистони Мастчоҳ таъмири куллӣ кард

© IRSIRS роҳи самти Айнӣ - Кӯҳистони Мастчоҳ таъмири куллӣ кард
IRS роҳи самти Айнӣ - Кӯҳистони Мастчоҳ таъмири куллӣ кард  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2023
Обуна шудан
Ширкати " IRS ", ки ба нигоҳдории роҳи пулакии Душанбе - Чаноқ машғул аст, берун аз салоҳияти худ роҳи самти Айнӣ - Кӯҳистони Мастчоҳро таъмир намудааст
ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Намояндагии Ширкат “IRS” дар Тоҷикистон бо харҷи 496,4 тонна асафалти хушсифат 3958 метри квадратӣ роҳи самти Айнӣ - Кӯҳистони Мастчоҳ таъмири куллӣ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ин ширкат.
Ба гуфтаи ин ширкат, ки ба нигоҳдории роҳи пулакии Душанбе - Чаноқ машғул аст, таъмири куллӣ асфалти осебдидаи роҳ анҷом дода шуда, бо риояи муқаррароти бахши роҳсозӣ асфалти нав хобонида шуд.
Манбаъ ёдовар шудааст, ки нигаҳдории ин қитъаи роҳ ба зиммаи "IRS" вогузор набуда, амалӣ шудани ин ибтикор шаҳодати бетафовут набудани роҳбарияти он ба мушкилоти сокинони маҳаллӣ аст.
Окраины города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2023
Як қисми роҳи автомобилгарди "Душанбе –Бохтар" ба истифода дода шуд
Ширкати мазкур қайд кардааст, ки саҳмгузорӣ дар ободонии шаҳру навоҳие, ки роҳи Душанбе - Чаноқ аз онҳо мегузарад, барои филиали Ширкати саҳомии "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" дар Тоҷикистон таҷрибаи нав нест.
Ширкат зикр кардааст, ки ҳарчанд ба уҳдадориҳои "IRS" ворид нест, вале кормандон ва техникаҳои пуриқтидору махсусгардонидашудаи он мунтазам дар рафъи пайомадҳои офатҳои табиӣ, бунёди иншооти гуногун ва таъмири роҳҳои маҳаллӣ мусоидат менамоянд.
“Ин иқдом дар заминаи равобити судманд бо шаҳру ноҳияҳои масири роҳи Душанбе - Чаноқ амалӣ гардида, натиҷаҳои дилхоҳ ба бор овардааст”,- афзудааст манбаъ.
Лентаи хабарҳо
0