Аз созиши ғалла то вазъияти Украина: музокироти Путин ва Эрдуғон дар Сочи анҷом ёфт

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин провел переговоры с президентом Турции Р. Т. Эрдоганом
Президент РФ В. Путин провел переговоры с президентом Турции Р. Т. Эрдоганом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2023
Обуна шудан
Раҳбари Русия дар музокирот бо кишвардори Туркия таъкидд кард, Русия дар сурати иҷро шудани талаботҳояш фавран созиши ғалларо эҳё хоҳад кард.
ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Музокироти Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, кишвардори Туркия дар Сочи ба поён расид.
Дар нишасти хабарие, ки дар пайи ин мулоқот баргузор шуд, раҳбари Русия қайд кард, ки тарафҳо ба авзоъ дар Украина ва қатъи созишномаи ғалла таваҷҷуҳи зиёд зоҳир кардаанд.
Тавре Путин таъкид кард, хуруҷи Маскав аз ибтикори Баҳри Сиёҳ ба бозори ҷаҳонӣ таъсире надоштааст, нархҳо поин мераванд, камбуди дар маводи ғизоӣ вуҷуд надорад.
"Дар тақсими одилонаи он мушкилот вуҷуд дорад. Бале, аммо ба щеы ваыщ ба созиши ғалла рабте надорад", - афзуд Путин.
Вай ёдовар шуд, ки Киев барои ҳамлаҳои террористӣ ба иншооти ғайринизомӣ аз долонҳои башардӯстона истифода кардааст, дар ҳоле ки Русия ба таври возеҳ кафолати бехатарии киштиронӣ додааст. Дар баробари ин, Ғарб Маскавро бо ҳадафҳои башардӯстона фиреб медод - аз 32,8 млн тонна боре, ки аз Украина содир шудааст, беш аз 70% ба кишварҳои сарватманд рафтааст, афзуд президент.
Эрдуғон дар навбати худ қайд кард, ки интизориҳои Русияро медонад ва изҳорот дар бораи зарурати ирсоли маводи ғизоӣ ба кишварҳои фақиртарин дуруст аст.
На встрече Эрдоган-Путин возникли трудности перевода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2023
Мушкили тарҷума дар мулоқоти Путину Эрдуғон – видео
Путин таъкид кард, ки ҷониби Русия дар сурати иҷро шудани талаботҳояш созишномаро фавран эҳё хоҳад кард.
Раисиҷумҳури Туркия зимни суханронӣ дар бораи низоъ дар Украина изҳори омодагӣ кард, метавонад миёни тарафҳо миёнарав шавад.
Дар навбати худ Путин ёдовар шуд, ки Киев тавофуқҳоеро, ки тавассути миёнҷигарии Эрдуғон ҳосил шудааст, "ба партовгоҳ фиристод".
"Ҳеҷ кас ба ин кор барнамегардад. Мо дар бораи ташаббусҳои нав мешунавем, аммо ин чизе нест, ки бо мо ҳаргиз матраҳ шудааст. Аз ин рӯ, мо ҳеҷ чизи наверо дарк намекунем", - афзуд сарвари давлат.
Вай изҳор дошт, ки амалиёти ба истилоҳ зидди ҳамлаи украинӣ мутаваққиф нашуда, балки комилан ноком шудааст. Президент изҳори умедворӣ кард, ки "ин тавр идома хоҳад кард" ва хотиррасон кард, ки Маскав ҳеҷ гоҳ аз гуфтушунид даст накашидааст ва рад намекунад.
Нахустин мулоқоти шахсии Путин ва Эрдуғон дар тӯли тақрибан як сол тақрибан се соат идома кард. Нахуст хайатхои вакилон ба таври оммавӣ сухбат карданд, баъд роҳбарони ду кишвар гуфтушунидро дар сари дастархон идома доданд.
Лентаи хабарҳо
0