Аз Шакармамад то Нуралӣ: Тоҷикистонро дар "Baku Grand Slam 2023" киҳо муаррифӣ мекунанд?

© Foto / Федерация дзюдо ТаджикистанаДзюдоист Шакармамад Мирмамадов
Дзюдоист Шакармамад Мирмамадов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2023
Обуна шудан
Дар пойтахти Озарбойҷон дар даҳаи сеюми моҳи ҷорӣ беш аз 300 ҷудкор аз 57 кишвари ҷаҳон дар 14 вазн миёни мардону занон зӯрозмоӣ хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Тоҷикистонро дар "Baku Grand Slam 2023", 7 нафар ҷудокор намояндагӣ мекунад.
Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, мусобиқаи мазкур рӯзҳои 22-24 сентябр дар пойтахати Озарбойҷон баргузор мешавад.
Интизор меравад, ки варзишкорӣ аз рӯи 14 вазн, аз ҷумла 7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон зӯрозмоӣ намоянд.
Зикр гардид, ки дар Боку ҳудуди 313 ҷудокор аз 57 кишвари ҷаҳон ҷамъ хоҳанд омад. Аммо шумораи иштирокдорон метавонад тағйир ёбад, чун ҳоло дархостҳо барои иштирок дар мусобиқаи мазкур идома дорад.
ДУЮМИН НИММАРАФОНИ КӮҲӢ БАХШИДА БА 32- ЮМИН СОЛГАРДИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ БАРГУЗОР ШУД - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2023
Ғолибони Ниммарафони дуюми кӯҳӣ маълум шуданд
Тоҷикистонро аз ҷумла дар вазни то 60 кг - Муҳаммадсолеҳ Қуватов, дар вазни то 66 кг - Нуралии Эмомалӣ, то 66 кг - Маҳмадшариф Наҷмиддинов, то 73 кг - Шодмон Ризоев дар вазни то 81 кг - Ҷаҳонгир Маҷидов, дар вазни то 81 кг зӯрозмоӣ хоҳанд кард.
Дар вазни беш аз 100 кг - Мансур Раҳмон ва Шакармамад Мирмамадов сабқат хоҳанд намуд.
Чун анъана варзишгарон дар баробари ба даст овардани медал бо ҷоизаи пулӣ қадрдонӣ мешаванд.
Фонди умумии ҷоизаҳо 154 000 евро буда, барандагони нишони тило 5000 евро, нуқра 3000 ва медали биринҷӣ 1500 евро мукофотпулӣ хоҳанд гирифт.
Лентаи хабарҳо
0