Иқдоми нави Бонки марказӣ барои дастгирии рубли Русия

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкЦентральный банк России
Центральный банк России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2023
Обуна шудан
Бонки марказии Русия барои нигоҳ доштани устувории қурби пули миллии ин кишвар тасмим гирифтааст, ки фурӯши асъори хориҷиро ба маротиб зиёд кунад
ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Барои дастгирии қурби рубли Русия ҳамарӯза ба маблағи беш аз 21,4 млрд рубл асъори хориҷӣ фурӯхта хоҳад шуд.
Дар ин бора Бонки марказии Русия иттилоъ дода, афзуд, ки фурӯши ин миқдор маблағ ҳамарӯза аз 14 то 22 сентябр идома хоҳад кард.
Ин тасмими Бонки марказӣ дар ҳолест, ки қаблан дар назар буд, ки фурӯши асъор рӯзона дар ҳаҷми 2,3 млрд рубл сурат бигирад.
Ахиран Шӯрои мудирони Бонки марказии Русия меъёри бозтамвилро дар кишвар ба андозаи 350 банди заминавӣ боло бурда, дар сатҳи 12%-и солона қарор дод. Дар натиҷа қурби рубл каме устувортар шуда, арзиши он дар Тоҷикистон низ боло рафт.
Кошелек с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2023
Бонки миллӣ сатҳи таваррумро дар Тоҷикистон муътадил хонд
Таъкид шуда буд, ки ҳадафи болобарии меъёри бозтамвил таъмини эътидоли нархҳо мебошад.
Меъёри бозтамвил нишондоди ҳадди ақали фоизҳо мебошад, ки аз рӯи он Бонки марказӣ ба бонкҳои тиҷоратӣ қарз медиҳад ва ҳамчунин пасандоз қабул мекунад. Ҳаҷми меъёри бозтамвил ба сатҳи таваррум таъсир дорад.
Ҳамчунин ниҳоди танзимкунандаи бахши молиявии Русия таъкид менамояд, ки аз ҳисоби афзоиши меъёри бозтамвил пасандози шаҳрвандон аз беқурбшавӣ ҳифз карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0