Наришкин: Хадамоти ҷосусии Русия ҳеч гоҳ бе ёварони хориҷӣ намемонад

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкДиректор Службы внешней разведки РФ Сергей Нарышкин, архивное фото
Директор Службы внешней разведки РФ Сергей Нарышкин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2023
Обуна шудан
Роҳбарияти Хадамоти ҷосусӣ ва ё иктишофии хориҷии Русия ба он шаҳрвандони хориҷие такя мекунад, ки аз нигоҳи идеологӣ ба ғояҳои Маскав наздиканд
ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Русия пешсафи мубориза барои ҷаҳони бисёқутбӣ буда, онҳое, ки ин нақшро эътироф мекунанд, барои хадамоти иктишофӣ кумак мекунанд.
Ин нуктаро мудири Хадамоти иктишофии хориҷии Русия, Сергей Наришкин дар мусоҳиба бо маҷаллаи русии "Мудофиаи миллӣ" баён дошта, таъкид намудааст, ки ниҳоди тобеяш ҳеч гоҳ бе ёварони хориҷӣ намемонад.
Вай гуфт, ба онҳое такя мекунанд, ки аз нигоҳи идеологӣ ба Русия наздиканд ва роҳбарии онро дар талош барои ҷаҳони бисёрқутбӣ эътироф мекунанд.
Президент РФ Владимир Путин выступил в формате видеосвязи на заседании лидеров стран БРИКС в ЮАР - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2023
Путин ба сарони БРИКС гуфт, низоми ҷаҳониро чӣ гуна дидан мехоҳад - видео
"Бисёр одамони солимфикр, аз ҷумла дар кишварҳое, ки онҳоро дӯсти Русия номидан душвор аст, талош барои бунёди ҷаҳони бисёрқутбӣ бар принсипҳои соҳибихтиёрӣ, баробарӣ ва эҳтироми мутақобилаи кишварҳо ва халқҳо, дар ҳифзи арзишҳои умумибашарӣ эътироф мегардад", - афзуд Наришкин.
Ӯ афзуд, бисёриҳо хостори канорасозии бартарияти элитаи фаромиллӣ, мубориза бо терроризм на дар сухан, балки воқеӣ, мухолифи эҳёи сиёсат ва идеологияи нозӣ мебошанд.
Дар ин самт онҳое кам нестанд, ки аз ҷумла ба таври махфӣ ба Русия дар расидан ба ин аҳдоф кумак кунанд, таъкид намудаст Наришкин.
Лентаи хабарҳо
0