Сардор Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон меояд

© Flickr \ Пресс-служба Президента ТаджикистанаПрезидент Туркменистана Сердар Бердымухамедов
Президент Туркменистана Сердар Бердымухамедов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2023
Обуна шудан
Рӯзҳои 14-15 сентябр, раисҷумҳури Туркманистон Сердар Бердимуҳаммадов бо як сафари корӣ ба Тоҷикистон меояд
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Дар ин бора ахиран дар ҷаласаи ҳукумати Туркманистон, муовини сарвазир, вазири корҳои хориҷӣ Рашид Мередов хабар додааст, иттилоъ додааст барномаи иттилоотии “Ватан”-и телевизиони Туркманистон.
Ба иттилои вазири туркман раҳбари ин кишвар “бо мақсади ширкат дар Мулоқоти панҷуми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дар Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба пойтахти Тоҷикистон сафар хоҳад кард.
Вай таъкид кард, ки дар ин бобат холо корхои ташкилй ва дигар корхои дахлдор бурда мешаванд.
Вай илова кард, ки дар чаҳорчӯби мулоқотҳои дарпешистода дар Душанбе як қатор чорабиниҳои иловагӣ низ дар назар гирифта шудаанд.
Президенты Таджикистана и Туркменистана Эмомали Рахмон и Сердар Бердымухамедов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2023
Анҷоми сафари Сардор Бердимуҳамедов ба Тоҷикистон
Сарвари давлат Сердар Бердимуҳамадов пас аз шунидани маълумот таъкид кард, ки яке аз самтҳои асосии сиёсати хориҷии Туркманистон рушди муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои ҳамсоя дар минтақа мебошад.
"Туркманистон бо давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳам дар шаклҳои дуҷониба ва ҳам дар доираи бисёрҷониба фаъолона ҳамкорӣ карда, барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои анъанавӣ дар тамоми доираи он пешниҳодҳои мушаххас пешниҳод менамояд", - гуфт Сердар Бердимуҳамедов.
Кишвардори Туркманистон ба муовини сарвазир ва роҳбари Вазорати корҳои хориҷӣ дастур дод, ки дар сатҳи баланд ба нишастҳои дарпешистода дар Душанбе ва чорабиниҳое, ки дар доираи онҳо пешбинӣ шудаанд, омодагӣ бинанд.
Лентаи хабарҳо
0