Дипломат гуфт, кадом самтҳо барои ҳамкориҳои Душанбею Боку ояндадор аст

© Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонФлаги Таджикистан и Азербайджан
Флаги Таджикистан и Азербайджан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2023
Обуна шудан
Сафири ҷумҳурӣ дар Озарбойҷон равобити Душанбе ва Бокуро арзёбӣ карда, ҳамчунин гуфт, ки барои ин иттиҳод чӣ дурнамоҳоеро мебинанд
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон дар сатҳи хеле баланд қарор доранд ва ҳамаҷониба инкишоф меёбанд.
Дар ин бора Илҳом Абдураҳмон сафири фавқулода ва мухтори ҷумҳурӣ дар Озарбойҷон хабар дод.
Вай бар ин назар аст, ки ду кишвар дурнамои хуби шарикӣ дар як қатор соҳаҳо: нақлиёт, сайёҳӣ ва энергетика доранд.
Дар иқтисод мақомоти Тоҷикистону Озарбойҷон низ дар бахшҳои комплекси агросаноатӣ, металлургияи ранга, саноати сабук ва бахшҳои молия роҳи ҳамкорӣ интихоб кардаанд.
Илова бар ин, ҳоло кишварҳо дар самти лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи нафт кор мекунанд.
"Мо омодаем, ки имкони иштироки ширкатҳои Озарбойҷон дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахши саноат, саноати кӯҳӣ ва коркарди маъдан, алюминий, гидроэнергетика, нафту газ, инчунин дар соҳаҳои сохтмон, нақлиёт, телекоммуникатсия ва дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ кунем", - гуфт Илҳом Абдураҳмон дар мусоҳиба бо Trend.
Дар ҳамин ҳол, сафир изҳор дошт, ки таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон барои ҳарду ҷониб судманд хоҳад буд.
Вай инчунин таъкид кард, ки ҷумҳурӣ барои бисёр намудҳои саноат, аз ҷумла саноати химия ва маъдани куҳӣ захираҳои калон дорад.
Дар робита ба сармоягузорӣ Илҳом Абдураҳмон гуфт, Тоҷикистон албатта ба ин ва амалӣ кардани тарҳҳои муштараки иқтисодӣ бо Боку манфиатдор аст.
Железнодорожная цистерна с топливом в терминале - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2023
Озарбойҷон интиқоли нафт ба Тоҷикистонро афзоиш медиҳад
"Дар ин замина мехостам аҳамияти барномаҳои обу энергетикии Тоҷикистонро барои рушди тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ махсусан таъкид намоям. Ба ҳама маълум аст, ки Тоҷикистон аз захираҳои обу энергетикӣ бой аст ва танҳо як қисми он айни замон истифода мешавад. Дар ҳамин ҳол, эҳтиёҷоти минтақа ва кишварҳои ҳамсоя сол то сол афзоиш меёбад", - гуфт сафир.
Ба гуфтаи ӯ, тавсеъаи равобити тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ аз самти афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷониба маҳсуб мешавад.
Илова бар ин, дипломат аз эҳёи парвозҳои мустақим миёни Душанбе ва Боку ёдовар шуд, ки ба назари ӯ, танҳо ба таҳкими равобити дӯстона ва стратегии кишварҳо мусоидат мекунад.
"Мо боварӣ дорем, ки азсаргирии парвозҳо барои рушди ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ ва муносибатҳои тиҷоратӣ, аз ҷумла дар татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ имкониятҳои бештар фароҳам меорад", - таъкид кард сафир.
Лентаи хабарҳо
0