Ба дарди сокинон мерасанд? Супориши Аҳмадзода барои бартараф намудани мушкилоти партовҳо

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти СуғдБоздиди Раиси вилоят аз КВДК "Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд"
Боздиди Раиси вилоят аз  КВДК Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2023
Обуна шудан
Мақомоти Хуҷанд мегӯяд, бино бар зиёд шумораи аҳолӣ ва меҳмонони шаҳр, баланд гардидани сатҳи зиндагӣ ҳаҷми партов низ дар муқоиса ба солҳои пешин зиёд шудааст
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Ахиран Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти КВДК "Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд" шинос шуд ва аз масъулин дар бораи ба корандозии техникаву таҷҳизоти аз кормонда суол кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ агар як моҳ қабл ҳамагӣ 11 адад техникаи партовкашонӣ ба мардум хизмат менамуд, ҳоло шумораи техникаи партовкашонӣ ба 18 адад ва маҷмуан дигар техникаҳои ёрирасонӣ корхони КВДК "Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд" ба 27 адад расонида шуд.
Таъкид шудааст, ки ҳамзамон дар ҳудуди корхона корҳои созандагӣ ва ободонӣ вусъат дода шуда, сохтмони парки таъмири автомашинаҳо бо харидории таҷҳизоти лозима ба анҷом расонида шуд.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки бо мақсади бартараф намудани камбудиҳо ва таҳкими робита бо ҷомеа бо супориши роҳбарияти шаҳри Хуҷанд дар корхонаи мазкур дар шабакаи whatsapp телефони арзу шикоят фаъол гардид, ки аллакай мардум муроҷиат ва аз ҳалли мушкилоташон қаноатмандӣ зоҳир намуда истодаанд.
Раджаббой Ахмадзода ознакомился с деятельностью промышленного предприятия Норд Азия Металл - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2023
Ҳукумати Суғд гуфт, нақшаи бунёди иншоот дар вилоят чӣ қадар иҷро гардид
Зикр гардиааст, ки Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин дастур додаст, ки то охири моҳи ҷорӣ дигар техникаҳои боқимондаи КВДК "Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд" аз таъмири куллӣ бароварда шуда, барои хизматрасонии мардум сафарбар карда шавад.
“Дар баробари афзудани шумораи аҳолӣ ва меҳмонони шаҳр, баланд гардидани сатҳи зиндагӣ ҳаҷми партов низ дар муқоиса ба солҳои пешин зиёд гардида, масъулияти корхонаи партовкашониро дучанд намудааст. Гузашта аз ин, ҳамарӯза шумораи зиёди сайёҳон ба шаҳр ворид гардида, ба тозагии муҳити он баҳо медиҳанд, ки масъулин бояд ҳамеша шаҳрро мунаввару тоза нигоҳ доранд”, - қайд кардааст Раҷаббой Аҳмадзода.
Ҳамзамон ба роҳбарияти корхона дастур дода шуд, ки ба шароити кории кормандон аҳамияти ҷиддӣ зоҳир карда, онҳоро бо либоси корӣ таъмин намоянд.
КВДК "Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд" ягона муассисаи коммуналии шаҳр ба ҳисоб рафта мебошад, ки барои бардоштан, кашонидан ва гӯронидани партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд, фаъолият мебарад.
Корхона реҷаи кори худро дар 3 баст ба роҳ монда, аз ҳудуди шаҳр партовҳоро ба партовгоҳи шаҳри Хуҷанд мекашонад. Дар корхона 117 нафар ҳамарӯза дар 3 баст фаъолияти пурсамар дошта, партовҳоро саривақт аз ҷойҳои муайяншуда мегиранд.
Лентаи хабарҳо
0