Тақвияти сомониву уфти рублу доллару евро: қурби асъор дар Тоҷикистон

© Sputnik / Владимир ТрефиловДенежные купюры, пластиковые карты
Денежные купюры, пластиковые карты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2023
Обуна шудан
Дар бозори арзи Тоҷикистон қурби пули миллӣ устувор мешавад, аммо маъмултарин асъор аз қабили рублу доллар ва евро коҳишёбиро нишон медиҳанд
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод арзиши пули русӣ дар бозори арзи кишвар каме коҳиш ёфта, ҳоло 1000 рубл 111,8 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл дар кишвар 1000 рубл 112 сомонӣ арзиш дошт.
Асъори аврупоӣ ҳам поин рафтааст. Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар бозори арз барои як евро 11.7266 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки қабл аз рӯзҳои истироҳатӣ, як евро 11.7374 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Дар ҳамин ҳол вазъи пули амрикоӣ низ пас аз муддате рӯ ба коҳиш нишон додааст. Ҳоло дар кишвар бар ивази як доллар 10.9603 сомонӣ медиҳанд.
Монета номиналом один рубль. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2023
Шарҳи ёвари президенти Русия дар мавриди ояндаи қурби рубл
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст.
Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА 10.9603 то 11.0000 сомонӣ, 1 евро аз 11.7266 то 12.0500 сомонӣ ва 1000 рубли русӣ аз 111,8 то 117,5 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.
Лентаи хабарҳо
0