Тоқаев, Ҷабборов, Мирзиёев, Алиев ва Бердимуҳаммадов вориди Душанбе шуданд

© Пресс-служба президента КыргызстанаЧетвертая Консультативная встреча глав государств Центральной Азии
Четвертая Консультативная встреча глав государств Центральной Азии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2023
Обуна шудан
Раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон барои иштирок дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ вориди шаҳри Душанбе шуданд
ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе раҳбарони Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов, Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Қирғизистон ва Содир Ҷабборовро Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои иштирок дар Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шуданд.
Ҳамчунин субҳи имрӯз Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Тоҷикистон ташриф овард.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиевро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Джамшид Кучкаров министр экономического развития  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2023
Баргузории Форуми тиҷоратии Ӯзбекистону Тоҷикистон дар Ҷиззах
Дар чаҳорчӯби ин сафар Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ҳамчун меҳмони фахрӣ дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки қарор аст имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардад, иштирок менамояд.
Дар ҳошияи ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар назар аст ва дар доираи он масъалаҳои васеи ҳамкории дуҷониба баррасӣ хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, ки 14-15 сентябри соли 2023 зери раёсати Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад.
Ҳамзамон дар ин рӯзҳо дар пойтахти Тоҷикистон баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба нақша гирифта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0