Рақиби навбатии Ғафуров дар UFC маълум шуд

© из личного архива Муина ГафуроваМуин Гафуров, архивное фото
Муин Гафуров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2023
Обуна шудан
Намояндаи Тоҷикистон дар лигаи маъруфи ҳунарҳои размии ҷаҳон - UFC зӯрозмоии дуюмашро анҷом хоҳад дод. Рақибаш намояндаи Русия мебошад
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Дар мусобиқаи UFC 294, ки дар Абу-Дабӣ баргузор мешавад, варзишгари тоҷик Муин Ғафуров, ки 18 пирӯзӣ ва 5 бохт дорад, ширкат хоҳад кард.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон шахсоне, ки дар иҳотаи размикор қарордоранд, хабар доданд.
Саид Нурмагомедови русиягӣ, ки 17 ғалаба ва 3 бохт дорад, ба чемпионати мазкур меояд. Маҳз ӯ рақиби Ғафуров мешавад.
Зӯрозмоиҳо байни беҳтарин размикорони UFC рӯзи 21 октябр баргузор мешаванд.
Размикори тоҷик, Ғафуров аз ҳозир фаъолона омодагиро ба ин мусобиқаи бонуфуз оғоз кардааст.
Боец Лоик Раджабов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2023
Аввалин бохти Лоиқ Раҷабов дар UFC
Қаблан гуфта шуд, ки Ғафуров бояд рӯзи 2-юми сентябр дар мусобиқаи UFC дар Порис мубориза мебурд, аммо ба далели мушкили раводид ин рақобат лағв шуд.
Маврид ба зикр аст, ки Ғафуров чанд бор талоши роҳёбӣ ба UFC кард ва ниҳоят дар моҳи июни соли ҷорӣ, ӯ бо созмон шартнома ба даст овард ва дар мусобиқа дар Лас Вегас иштирок кард. Аммо дар он ҷо аз Ҷон Кастанедаи амрикоӣ мағлуб шуд.
Муин Ғафуров фаъолияти касбии худро соли 2013 оғоз кардааст. Дар тӯли 10 сол ӯ 23 зӯрозмоӣ гузарондаст.
Қаблан варзишгар дар мусобиқаҳои лигаҳои ACA, ONE FC, ADW ширкат кардааст. Соли 2013 дар 19-умин Чемпионати ҷаҳон оид ба самбои размӣ дар вазни 62 кг дар шаҳри Маскав ғолиб омада буд. Он замон дар сабқати ниҳоӣ бар Абзал Абилдошев аз Қазоқистон пирӯз шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0