Ташкили ҷангалзор дар ҷойҳои хушкшудаи баҳри Арал

© AFP 2023 / VYACHESLAV OSELEDKOАральское море. Архивное фото
Аральское море. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2023
Обуна шудан
Роҳбарияти Ӯзбекистон гуфт, ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба вазъи экологӣ ва иҷтимоии минтақаи баҳри Арал кадом корҳоро дар ҳоли ҳозир амалӣ карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Дар чанд соли охир дар қаъри хушкшудаи баҳри Арал дар майдони 1,7 млн гектар ҷангалзорҳо шинонда шудаанд.
Дар ин бора раисҷумҳури Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев зимни ҳамоиши байналмилалии роҳбарони кишварҳои муассиси Фонди наҷоти баҳри Арал дар Душанбе иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар ду соли наздик боз дар 400 ҳазор гектар ташкили камарбандҳои сабзи муҳоҷизатӣ ба нақша гирифта шудааст.
Мирзиёев дар мавриди наҷоти баҳри Арал инчунин муҳим хондааст, ки самаранокии истифодаи об боло бардошта шавад.
Сайру гашти президентҳо дар дар Бӯстонсаройи ҳукуматии кишвар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2023
Раҳмон ба роҳбарони Осиёи Марказӣ неъматҳои табиии Тоҷикистонро нишон дод - видео
"Ҳамчунин барои сабук кардани паёмадҳои фоҷиаи баҳри Арал, ҳифзи гуногунии биологӣ дар ҳавзаи он, дар майдони беш аз 3,5 млн гектар паркҳою мамнуъгоҳҳои давлатӣ бунёд карда шудаанд", - гуфт Мирзиёев.
Вай илова намуд, ки ҳамчунин дар давоми 7 соли охир технологияҳои ҷадиди сарфаи об дар майдони зиёда аз 1 млн гектар татбиқ шудааст.
Мирзиёев аз шарикон даъват кард, ки ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи обро тақвият бахшида, барои баррасии масоили ин бахш ҷаласаҳои мунтазами вазирони захираҳои об, энергетика, муҳити зист ва иқтисоди кишварҳои минтақа гузаронда шаванд.
Лентаи хабарҳо
0