Даргузашти аввалин вазири дифои Тоҷикистон

© Министерство обороны УзбекистанаГенерал-майор в отставке, кандидат военных наук, профессор Шишлянников Александр Владимирович.
Генерал-майор в отставке, кандидат военных наук, профессор  Шишлянников Александр Владимирович. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2023
Обуна шудан
Бар асари бемории тӯлони аввалин вазири дифои Тоҷикистони соҳибистиқлол генерал-майор Александр Шишлянников даргузашт
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Дар синни 73-солагӣ пас аз бемории тӯлонӣ аввалин вазири дифои Тоҷикистони соҳибистиқлол генерал-майор Александр Шишлянников даргузашт, иттилоъ додааст Вазорати дифои Ӯзбекистон.
“Рӯзи 15 сентябр, дар синни 73-умин, ходими калони илмии Маркази рушди ҳарбӣ-илмӣ ва амалии Академияи Қувваҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон, генерал-майори мустаъфӣ, номзади илмҳои ҳарбӣ, профессор Александр Шишлянников аз бемории вазнин даргузашт”, - иттилоъ додааст вазорати дифои Ӯзбекистон.
Генерал Шишлянников 3 ноябри соли 1950 дар шаҳри Тошканд таваллуд шудааст.
Пас аз хатми мактаби олии фармондеҳии танкии Тошканд дар соли 1971 дар қисмҳои Фармондеҳии марказии ҳарбӣ дар Чехословакия ва фармондеҳии ҳарбии ғарбӣ дар Олмон хидмат кардааст. Ӯ солҳои 1993-1995 дар вазифаи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Мужчина молится на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2023
Фарзанди дуюми қаҳрамони Тоҷикистон даргузашт
Шишлянников дар миёни 200 афсаре буд, ки дар марҳилаҳои аввали ҷанги шаҳрвандӣ бо дастури Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон омада буданд.
Генерал дар ин давра дар ишғоли вазифаҳо ва баланд бардоштани самаранокии ҷангии нерӯҳои давлатӣ нақши калидӣ бозид.
Қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мусоҳибаҳояш гуфта буд, ки ӯ шахсан худаш генерал Александр Шишлянников ро интихоб карда буд.
"Ман худам дар тамрингоҳ, дар хаймаҳо артиши миллӣ ташкил кардам. Мо қувваҳои мусаллаҳ надоштем, вазири мудофиа надоштем, генералу офсар надоштем. Мо аз давлати дигар зиёда аз 200 афсар дархост кардем. Ва ман аз байни онҳо полковник Шишлянниковро интихоб кардам ва ӯро вазири мудофиа таъйин намудам”, - гуфта буд Эмомалӣ Раҳмон.
Лентаи хабарҳо
0